Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Худовандӣ бузурги дорандаи наваду нӯҳ номи зебои Хирадманд ва Шарафманд, Ҳокими Мутлақ ва Ҳасткунанда, Меҳрубон ва Бахшоянда, Раҳмон ва Карим, Ғаниву Ғамхор инсонро дар Замин офарид ва бар ҳар яке ақл дод, ки аз дигар мавҷудоти олам фарқ карда, тавассути ақл Худои худро шиносад. Бинобар ин, агар ҳар як фарди худодод бо истифода аз ин доди Худованд пиндору гуфтору рафтори худро ба роҳи ҳидояткардан Ӯ равона созад, он гоҳ мувозинати инкишофро таъмин сохта, хушбахтона умр ба сар бурда, дар ҳарду Сарой соҳибэҳтиром мегардад.

Китоби Қуръон охирин китоби Худованд буда, дар он Шараф ва Бузургии Худованд илман асоснок карда шудааст. Қуръон ин китоби зинда, доимӣ ва исботкунандаи адолати Илоҳӣ ва пайғомбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с) то рӯзи қиёмат аст. Дар ин китоби муқаддас, сарчашмаи пайдоиши ҳодисаҳо ва қувваи созандаи он, ҳодисаҳои имрӯзаи Заминию Осмонӣ ва кашфиётҳои илмии инсонӣ ва инчунин, боз чандин кашфиётҳои номаълуми ояндае, ки ҳанӯз ба ақли инсонӣ дастнорас аст, зиёда аз 1400 сол пеш гуфта шудаанд, ки мо бахше аз онро дар мавзӯи гузашта гуфта гузаштаем.

Ҳамин тариқ, мазмуни ягонаи ҳақиқат ва адолат он қонуниятҳое мебошанд, ки Худованд ба мо ато кардааст. Мо дар сартосари китобамон бо такя ба ин қонуниятҳо кӯшиш намудаем, ки хонандаи азизро ба хусусиятҳои ин фаҳмишҳо ошно сохта, роҳбарони ояндаро ба ин роҳи ягонаи ҳақпарастию хештаншиносӣ ҳидоят намоем.

Ҳақиқат ҳамеша ҳақиқат аст, новобаста аз он ки доимо дар ҳар як роҳ, дар тамоми давру замон ба зиддиятҳои вазнине гирифтор гардида, боз сарбаландона ғалаба менамояд. Мо боварӣ дорем, ки бо гузашти вақт, инсоният боз донишу фаҳмишҳои баландеро соҳиб мегардад ва он гуфтаҳои Худованди бузургро, ки дар китоби муқаддаси Қуръон омадааст, пурра дарк ва риоя намуда хушбахтона умр ба сар мебарад.

Худованд инсонро барои он офарида ақл ато кард, ки Ӯро шиносанд ва саҷда биоранд ба Ӯ ва боварии қавӣ дошта бошанд.

Ҳидояти Ӯ дар китоби муқаддаси Қуръон ва ҳадисҳои пайғамбари Ислом
ҳазрати Муҳаммад (с) бо мақсади он аст, ки мо зинаи ба хештаншиносии
инкишофи инсонӣ расида, хушбахтона умр ба сар бубарем. Инчунин, Худованд

пешина
аз 463
навбатӣ