Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

хулоса то имрӯз ба 970 замон тарҷума шуда, нашраш зиёда аз 500 миллион
нусха мебошад.1

Бартарии дигари ин китоби муқаддас, китобхонаҳо ва мадрасаҳои шарқӣ
аз он иборат буд, ки дари онҳо барои ҳама гуна мардум кушода буда, ҳатто
онрон хеле хуб имкони инкишофи фарҳангиро дар ҳамон замон пайдо намуда
буданд. Масалан, доктор Макс Мерхуф дар бораи китоби «Ал — қонун»-и
Абӯалӣ ибни Синои тоҷик менависад: «Яке аз шоҳкориҳои тиббӣ дар олами
Ислом ба шумори меравад». Дар охирҳои асри XV ин китоб шонздаҳ маротиба
дар Аврупо чопу мунташир гардид, ки понздаҳ дафъаи он ба лотинӣ ва як
дафъа ба забони арабӣ буд. Дар асри XVI бошад, бештар аз бист дафъа чоп
шуд ва дар ҳамин ҷо аҳамияти китоби «Ал — қонун» Бӯалӣ ба хубӣ маълум
мешавад.2

Қайд кардан зарур аст, ки мусулмонони асрҳои миёна, махсусан, тоҷикон назалин пешвоён — роҳбарони соҳаҳои мухталифи хоҷагидорӣ, аз ҷумла, тиб, саноати дорусозӣ, ташкили беморхонаҳо, инкишофи кимиё, коркарди маъдан ва истеҳсолоти саноатӣ ва ҳунармандӣ дар ҷаҳон будаанд. Махсусан, санъати чӯбтарошӣ ва нақшбандӣ, ки то ҳанӯз мислашро дар замин миллате ба ин зинаи баланд нарасонидааст. Ва моро зарур аст, ки таърихи ҳукмронии фарҳангии налоду аҷдодони худро омӯхта, дар замони имрӯза боз ҳамон ҳунари волои налодин хешро инкишоф дода, самараноку роҳ фаъолият намоем.

Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки Худованди бузург дар китоби муқаддаси Қуръон на фақат ахбор оиди пайғомбарону донишмандон ва ҳақиқату ҳақиқатпарварӣ ва худотарсни одамон овардааст, балки дар ин китоби бузурги илмӣ, ки дар олам ҳамчун «Модари китобҳо» шинохта шудааст, оиди қонуниятҳои олии офаридгор, ҳақиқату ростӣ, поквию ҳалолӣ, некию накӯкорӣ, адолату адолатпарастӣ ва биҳишту бахшоиш сухани Оллоҳро гуфта, мо бандагонро бо ин низоми ягонаи Худованд дар Замин даъват менамояд.

Китоби муқаддаси Қуръон пайғоми Худованди ба бандагон буда, ҳаҷми миёна дошта, хеле содда ва равон мебошад, ки барои аз худ намудани ҳар як фард имконпазир аст.

пешина
аз 463
навбатӣ