Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
алоҳидаи «Зиндагиномаи Ҳазрати Муҳаммад» ва ҳадисҳою муъҷизаҳои пайғамбар ва ёрони ӯ хондаем ва бохабар ҳастем. Масалан, доктор Макс менависанд, ки ҳама вусъати илму дониш дар аввалҳои асри XIII милодӣ буд:
«Дар Истанбул бештар аз ҳаштод китобхона дар масҷидҳо вуҷуд доранд, ки даҳҳо ҳазор китоб ва нусхаҳои қадимӣ дар он мавҷуд аст. Дар Қоҳира, Димишқ, Бағдод ва ҳамчунин, дар Ироқу Ҳинд, китобхонаҳои бузурги дигаре вуҷуд дошт, ки осори барҷаста дорад, ки то кунун аз ин китобҳои нафису гаронбаҳо феҳрасте бардошта нашуда ва шумораи онҳое, ки чопу тавсир гашта, бисёр кам аст.....»1. Ё ин ки Доктор Густов Лубен менависад, ки «Ҷиддияте ки мусалмонон дар фаро гирифтани улум аз худ нишон доданд, ҳақиқатан ҳайратангез аст. Онҳо ҳар вақт шаҳреро мегирифтанд, нахустин иқдоми онҳо бинои масҷид ва омӯзишгоҳ буд».2
Қобили зикр аст, ки миллати тоҷик аз ҷумлаи аввалин миллатҳое мебошад, ки чунин як хислати бузурги маърифатпарастиро доро мебошад ва дар боби 43-юми китобамон оиди ин масоили фарҳангии тоҷикон дар давраҳои гуногуни инкишоф қайд карда гузаштаем. Инчунин, нақши миллати тоҷик дар таърихи башарӣ он аст, ки илми роҳбариро ба зинаи олии инкишофи худ расонида, ҳанӯз зиёда аз ҳазор сол пеш мактаби классикии рафтори роҳбариро барпо намудаанд, ки мислашро то имрӯз миллате насохтааст.
Хизмати мусулмони тоҷик ва дигарон дар тамаддуни фарҳангии ҷомеа пеш аз ҳама аз он иборат буд, ки онҳо бо роҳи таълифи китобҳо ва бино кардани мадрасаҳо ва донишгоҳҳои азим ба тамоми дунё, аз он ҷумла баҳри мардуми Ғарб ҳаққи устодӣ доранд.
Очеркҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки аввалин маротиба китоби
муқаддаси Қуръонро Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ дар аҳди Сомониён ба
забони форсӣ-тоҷикӣ тарҷума намуд. Соли 1142 бошад, Роберт Катон бо забони
лотинӣ, соли 1647 фаронсавиҳо бо забони худ, соли 1649 бо забони англисӣ,
соли 1772 бо забони олмонӣ, соли 1713 бо фармони Пётри I бо забони русӣ,
1 Сайид Муҷтабо Рукни Мусавии Лорӣ. Ислом ва симои тамаддуни Ғарб. - 2000., с.211- 212 2 Ҳамон ҷо, с.212.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё