Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Бояд қайд кард, ки ислом низ аз рӯи меъёрҳо ва қоидаҳои талаботи ҳукмронии худ хостаи равнақу пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи инсонӣ буда, риояи баланди маданияти муомилаи инсониро дар роҳбарӣ талабгор аст. Амволеро ки бо роҳи меҳнати қонунӣ ва адолати иҷтимоӣ ба даст оварда мешавад, «Ҳалол» ҳисоб намуда, соҳибмулкиро онро бар соҳибаш вогузор намудааст. Ислом он нуқтаро маҳкум менамояд, ки моликияти зиёд ва инкишоф боиси зулмот ва истифодаи нодурусту исрофкорӣ гардад. Бинобар ин, вақте ин талаботи исломӣ аз тарафи ҳокимиятдорон вайрон карда мешавад, онҳо ба ғазаби Худо гирифтор гашта, ҳатман аз роҳбарӣ дур карда мешаванд ё худ бадбахтиро ба майдон меоранд. Масалан, аз нигоҳи ислом маҷбуран гирифтани корхонаҳо аз дасти муассисони онҳо, ки бо меҳнати зиёде барпо сохтаанду моли киёви мардум тавлид намудаанд, қатъиян манъ буда, барои мусулмонон раво намебошад.
Низоми ҳукмронии иқтисодии исломӣ он аст, ки ба корманду роҳбар ҳарду асолат бахшида, барои ҳалли мушкилот ва танзими ҳаёти иқтисодӣ бар асоси адолати иҷтимоӣ роҳнамоӣ намояд. Оиди адолату адолатпарастии роҳбарӣ дар менеҷмент мо дар қисми чоруми китоб пурра гуфта гузаштаем, ки ин қоидаҳоро дар бар гирифтаанд. Мақсади асосӣ он аст, ки истеҳсоли моли корхона бо роҳи зулму асорат ва истисмори меҳнати бенавое ба вуқӯъ напайвандад ва ин боиси ноадолатӣ гардида, баракати молу тозагиро аз байн набарад. Ислом маҳз он молеро мепарастад, ки дар асоси меҳнати ҳалол ба даст омадааст ва кушоду равшан ва ба манфиати ҷомеа буда, ҳама гуна закот супорида шудааст.
Гаронфурӯшии мол, фоидаи аз ҳад зиёд аз ҳисоби ғорати истеъмолкунанда ба даст овардан ва ё истеҳсоли моли зиёновар ба ҷону мулки истеъмолкунанда аз ҷумлаи аъмоле мебошад, ки ислом маҳкум намудааст. Бояд қайд кард, ки истеҳсоли молҳои мадҳушкунанда, спиртӣ ва нашъадор бадтарин рафтори инсонӣ шумурда шуда, дар ислом сахт маҳкум карда шудаанд.
Пас, маълум мегардад, ки қоидаи асосии ҳукмронӣ аз нигоҳи ислом, ақлу донишу хирадмандии касбию маънавӣ буда, риояи онро барои ҳар як роҳбари хештаншинос шарти зарурии низоми мусулмон муаррифӣ намудааст. Пешвои олиқадри ислом, Ҳазрати Муҳаммад (с) барои ривоҷу равнақи илму фарҳанг ҳама гуна ташвиқоту тарғиботи ахлоқӣ намудаанд, ки мо онро аз китобҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё