Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
нигоҳ дошта, мувофиқ бар он кору фаъолият менамояд, сулҳовару меҳрубон ва ояндадор аст. Бинобар ин, пайғомбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) доимо таъкид бар он доштанд, ки фақат ва фақат саҷда ба даргоҳи Худованди пок намоед, ки ягона Ҳокими Шумо дар Замин аст.
ПАС, барои ислом ҳокимият доштан зарур набуда, худ дар асоси рафтори баланди этикию маданӣ ташкили муносибатҳои корию рӯҳию маънавии одамонро таъмин кардан мебошад. Агар ин қонуниятҳо пурра риоя карда шаванд, пас ҳокимияти исломӣ ҳукмфармо буда, одамон хушбахтона кору фаъолият менамоянд.
Имрӯзҳо ба касе пӯшида нест, ки ислом ҳанӯз дар замони пайғомбари Худо зинаи баланди ҳокимиятдорӣ ва роҳбариро соҳиб гашта буд, ки мислашро то ҳанӯз дар замин давлате бунёд накардааст. Аз ин хотир, Ислом шарафу бузургии ҳокимиятдории хешро аз рӯи қоидаҳои ҳақиқатпарастӣ ва адолатпарастӣ ба даст овардааст.
Қонунияти дигари бузурги ҳукмронии ислом бевосита саҷда овардан ба Худованди яккаву ягона буда, доимо таъкид мешавад, ки фақат ба Худои худ бовар карда, саҷда оварда, хизмат намоед. (16:30, 2: 21.). Мақсади асосии саҷда овардан, бо дилу ҷон қабул намудани ҳамаи он меъёрҳои рафторие мебошад, ки Худованд барои бандагони хеш муайян намудааст ва мақсад заррае аз он берун набаромадан аст. Пайғомбарони Худованд дар навбати худ шахсоне мебошанд, ки одамонро аз ин мӯъҷизаи илоҳӣ бархӯрдор ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят менамоянд.
Хонандаи азиз, ин нуқтаро мо ба он хотир зарур мешуморем, ки дар Тоҷикистон қонуни асосӣ - «Конститутсия (Сарқонун)» бо роҳи раъйпурсии умумӣ ва дигар қонуниятҳо ва фармону қарорҳои Президенти мамлакат қабул карда шудаанд, ки иҷрои онҳо барои ҳар як шаҳрванд шарти зарурӣ мебошад. Аз ин ҷо, мо қоидаҳои асосии итоат ва иҷрои бечунучарои онро аз тарафи роҳбарон дар ҳамаи зинаи идораӣ таъкид сохта, гуфтанӣ ҳастем, ки агар қоидаи итоат монанди қоидаҳои исломӣ сурат гиранд, мо ҳеҷ гоҳ аз ҳақиқат дур намегардем ва иншоаллоҳ кору борамон пурбарор хоҳад шуд, чунки ягон пайғомбар дар ягон давру замон аз нуқтаи муайянкардаи Худованд бурун ҳаракат накардааст. Дар ҳақиқат, агар роҳбари хештаншинос дар менеҷмент аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё