Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

гардонад. Фиребгарӣ ва ё аз ҳақиқат дур будани роҳбар боиси норизоии рӯҳию маънавии коргарон гашта, самаранокии кори онҳоро коста мегардонад.

Аз ин хотир, динро ҳамчун олами дохилаи маънавии инсонҳо баҳо дода, ҳар яке мо бояд бар он бикӯшем, ки тарафҳои илмии исломро, ки дар мавзӯи пешин бахше аз онҳоро бароитон муаррифӣ намудем, омӯхта, онро дар ҷараёни фаъолияти ҳокимиятдориамон самаранок истифода бубарем.

Имрӯз дар аксари мамолики инкишофёфтаи дунё инкишофи маънавии менеҷмент мақоми аввалиндараҷа гирифта, концепсияи маънавии инкишоф самаранокии баландро соҳиб гаштааст. Аллакай, раванди имрӯзаи концептуалии инкишофи ислом бештар хислати иҷтимоӣ гирифтани дин буда, тарафҳои иқтисодию илмии манфиати он дар таркиби тамоми шаклҳои ҳокимиятдорӣ исбот карда шудааст.

Мо дар ҳақиқат боварӣ дорем, ки ҳокими мутлақи ин мулк Худованди бузург худашон мебошанд. (114:1-3, 7:54, 12:40). Бинобар ин, мо дигар муносибатҳои хешро ба ҳокимиятдорӣ вобаста аз фаҳмише барпо сохта, кору фаъолият намоем, ки Худованд ин Подшоҳ ва Роҳбари яккаву ягонаи мардум ва қонунбарори ҳамаи фаъолиятҳои мову Шумо мебошанд.

Аз ин бар меояд, ки мо қонуниятҳои ҳокимиятдории худро бевосита дар мувофиқа ба қонуниятҳои бузурги илоҳӣ тартиб дода, роҳбарӣ намоем, чунки ин қонуниятҳо беҳтарин қонуниятҳои ҳаётии мову шумо мебошанд. Ва дар Сураи «Аъроф» 7:3, таъкид карда мешавад: «Ба он фармоне кору фаъолият намоед, ки Худованд ба Шумо мефиристад». Пайравӣ кунед (эй мардум) китоберо, ки мунодил шуд ба сӯи Шумо аз ҷониби Парвардигоратон ва пайравӣ макунед ба ҷуз Қуръон дӯстонро (яъне маъбудани ботилро). Аз нигоҳи аксари диншиносони дунё мо бояд «Ҳокимияти мусулмонон» ва «Ҳокимияти Исломӣ»-ро фарқ намоем.

Ҳокимияти мусулмонон ғарази ба худ тобеъ кардани тамоми ҷаҳонро дошта, бо истифодаи қувваи зӯрию золимӣ мехоҳанд, ҳукмрониро ба дасти хеш гиранд, аммо ҳокимияти исломӣ роҳи ҳақиқати инкишоф буда, дар мувофиқа ба қонуниятҳои илоҳӣ амал менамояд. Ҳамин тавр, ҳокимияте, ки барои мақсадҳои шахсӣ истифода карда мешавад, истисморкунанда ва даҳшат буда, ҳокимияте ки дар роҳи ҳақиқатпарастӣ амал мекунад, боварии доимиро дар дил

пешина
аз 463
навбатӣ