Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар ин нукта мо боз ба роҳбари хештаншинос муроҷиат менамоем, ки ҳангоми интихоби лоиҳа, истеҳсоли молу рангу шаклу намуд хуб мебуд фақат ба муҳити тозаи табиӣ назар афкананд, аз он ҷо ҳама чизи беҳтаринро дарёфт хоҳад кард. Нуктаи муҳим он аст, ки худи роҳбар то чӣ андоза инкишоф ёфтаасту аз ин фалсафаи бузурги Илоҳии табиат бархӯрдор аст. Албатта, барои дарки ин дониши баланди касбию фалсафӣ ва қобилияти Худододӣ зарур мебошад.

Хонандаи азиз, дар ҳамин ҷо мо оид ба назарияи илмии ислом нуқтагузорӣ карда, таъкид менамоем, ки ин як заррае аз уқёнуси пуртуғёни илмии ислом аст ва мо вобаста аз меъёри китобамон имкони ҳамаи паҳлӯҳои назарияи илмии исломро бароитон овардан надорем. Ва боварии пурра дорем, ки Шумо китоби муқаддаси Қуръон ва дигар китобҳои илмии диншиносиро омӯхта, аз нозукиҳо ва дастовардҳои беҳтарин кашфиёти Худованд дар рӯи замин огоҳ гардида, бо меҳнати ҳалол ба ҳамаи муроду мақсади некатон мерасед.

Худо, қувватбахшу дармонбахшу роҳнамои Шумост дар ин кори хайр.

54.5. Дин ва ҳокимиятдорӣ дар менеҷменти муосир

Аз мавзӯъҳои гузашта маълум гардид, ки Ислом тамоми ҷабҳаҳои
системаи ҳаётии менеҷментро дар бар мегирад, аз он ҷумла ҳокимиятдориро низ,
ки қисми таркибӣ ва муҳими ин система мебошад. Дар ҳақиқат, мувофиқи
сарқонуни мамлакат Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёди демократии дунявӣ ба
ҳисоб рафта, дин аз давлат ҷудо мебошад. Аммо дар ҳаёти ҳаррӯзаи менеҷмент
ҳолатҳо ва ҳодисаҳое пайдо мегарданд, ки мо хоҳ нохоҳ ба ҳаёти мадании
одамон ва ҳисси рӯҳию маънавии он ба воситаи низоми ҳокимиятдориамон
таъсир мерасонем. Аз ин хотир, барои роҳбари хештаншинос зарур аст, ки ба як
қатор меъёрҳо ва талаботҳои маънавии одамон, ки аз таълимоти динию дунявӣ
бармеоянд, диққат диҳад. Ҳар як инсони комилҳуқуқи дарлкунандаи фалсафаи
зиндагонии хеш пайваста дар талоши донистани ҳақиқати фаъолиятҳо, ҳодисаҳо
ва меъёрҳо буда, кӯшиш менамояд, ки талаботҳои мадании худро қонеъ

пешина
аз 463
навбатӣ