Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Қуръон оварда шудааст. Инчунин, чӣ тавр табобатии будани маҳсули меҳнати занбӯр, яъне асали истеҳсолшуда ба тамоми узвҳои организми зинда манфиатдор аст. Пас, ҳар як роҳбар истеҳсоли молеро ба роҳ монад, ки ба талаботи одамон пурра ҷавобгӯй буда, ба ягон узви ӯ таъсири манфӣ нарасонад. Ҳамоно дар ин муқаддамона нишонаву ибрат аст барои гурӯҳе, ки тафаккур мекунанд». (16:69)
Ин нуқтаҳои дар боло гуфта шуда бузургтарин кашфиёти ислом барои менеджмент ва идеали хоҷагидорӣ ва истеҳсоли мол мебошад, ки ҳанӯз хеле барвақт, аз ташкили шаклҳои навини корхонаҳо Худованд ба мо ҳидоят карда буданд. Оиди мавҷудоти микроорганизмҳо ва микробҳои вайронкунандаи муҳити солим, ки метавонанд моли истеҳсолкардаи Шуморо нобуд созанд, дар ислом қайд карда шуда, ҳанӯз дар ҳамон давра эҳтиёткорӣ ва тозагии муҳитро талаб доштанд ва маълумоти илмии мавҷуд будани ҳуҷайраҳои хурди ба чашми инсон номуайян гуфта шудааст. Сураи «Юнус», 10:61), «Сабоъ», 34:3. ва дигарон.
Дар ин нуқта мо ба роҳбарони хештаншинос таъкиди онро дорем, ки оиди технология ва таркиби коркарди моли хеш, андеша ва таркиби ба чашми оддӣ нонамоёни онро дар ташхисгоҳҳо мушоҳида карда, моли тозаю ба мардум нафъовар истеҳсол намоянд.
Назарияи илмие, ки мислашро ҳанӯз ақли одами пурра дарк накардааст, ин шакл, ранг, таркиби организмҳо ва ҷисмҳои табиӣ мебошанд. Имрӯзҳо аксари олимони дунё пеш аз он, ки оиди ягон лоиҳаи нав андешаронӣ намоянд, ба олами табиӣ назар меафкананд, чунки «Хирадмандтарин сохтор буда», аз ин намунаи беҳтару хубтараш вуҷуд надорад. Дар табиат ҳама ашёи намунаи ибрати рафторӣ барои инсон офарида шудааст, чуноне ки дар Сураи «Наҳл», 16:66 ва «Мӯъминун», 23:21-22. қайд карда шудааст.
Масалан, интихоби ранги беҳтарин, сохтори қаноту шакли механизми намуди тайёраҳо, намуди бино, дару тиреза ва шакли ҷойгиршавӣ, тоза кардани ҳаво, вазндании бод ва ғ. Дар ҳақиқат, мо агар ба парвози паррандаҳо назар афканем, ҳаракати қанот, болою поён парвоз кардани онҳо дар назар зеботарин ва самараноктарин ҳаракатҳо буда, моро мафтун мегардонад. Ва ё ба рангу зебоӣ ва бӯи гуле диққат диҳем, бечунучаро моро моили хеш гардонида, аз он ҳаловат мебарем, ки аз ягон атриёти сохта, чунин кайфият бурда наметавонем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё