Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

нуқтаи қонуни қабулкардашудаи мамлакат қадами беҷое нагузоранд, пас кору фаъолияташ бо як низоми муайяне пеш рафта, бовариашон дар менеҷмент хеле мустаҳкам мегардад.

Бартарияти меъёр ва қонунияти дигари ислом дар воқеият ва кушоду равшан будани он аст. Дар фаҳмиши фалсафии ислом омадааст, ки ислом бояд барои одамон кушоду равшан бошад. Тарафҳои ҳуқуқии иҷтимоии ислом пурра коркард карда шуда, муайян гардидаанд. Аксари он дар сураҳои Қуръон, ҳадисҳои пайғомбари ислом ва дар рафтору зиндагиномаи расули Худо баръало зикр гаштаанд, ки баъзе аз он хислатҳоро дар мавзӯъҳои аввали ҳамин китоб овардаем. Бояд гуфт, ки ҳалли масоили гуногуни роҳбарӣ дар зинаи баланди маданӣ нишон дода шудааст, ки омӯзиши он барои ҳар як роҳбари хештаншинос шарти зарурӣ буда, амалигардонии он қоидаҳо аз манфиат холӣ намебошанд.

Нуктаи муҳим он аст, ки иҷрои қонуниятҳо ва меъёрҳои роҳбарии ислом фақат бо роҳи дар дилу ҷони ҳар як фарди мусулмон мавқеъ гирифтан пайдо мегарданд. Бинобар ин, иҷрои ин ё он масъалагузории менеҷмент низ бояд аз рӯи қоидаи бевосита таъсиррасонии аввал ба ҳолати рӯҳии кормандон сурат гирад. Имрӯз вақти он расидааст, ки мо акнун қарор, фармон ва мақсадгузориро дар менеҷмент на бо роҳи фармону амрҳои зӯроварию фанду фиреб, балки аз рӯи қоидаҳои ҳақиқати воқеӣ тартиб дода, роҳбарӣ намоем. Барои амалӣ гаштани ин нияти нек мо бояд пайваста аз кору фаъолиятамон дар назди коллективи менеҷмент ҳисоботи рӯиросту воқеӣ пешниҳод намуда, кушоду равшан ба куҷо равона гардидани даромад ва дигар фоидаи ба даст овардаи корхонаро фаҳмонда диҳем. Фақат дар он вақт гуфтори мо ба дили одамон ҷой гирифта, барои иҷрои мақсади оянда ҳамроҳи мо бо дилу ҷон меҳнат менамоянд.

Масъалаи муҳими дигарро низ бояд таъкид кард, ки ин ҷаҳон ҷои мавҷудияти неку бад, дӯстию бевафоӣ, ростию фиребагарӣ, адолату золимӣ ва ғ.
мебошад. Аз ин хотир, ин зиддиятҳо доимо ба якдигар бархӯрда, муборизаҳоро ба вуҷуд меоранд, ки мо дар қисмҳои 3-4-уми китобамон пурра гуфта гузаштаем. Дар ин ҷо боз як маротибаи дигар диққати Шуморо бар он ҷалб карданием, ки дар ҳар як лаҳза ва ҳар як ҳолат, мо бояд ба муқобили қувваи бадӣ муборизаи беамони маънавӣ бубарем. Албатта, ҳақиқат, донишу ақлу

пешина
аз 463
навбатӣ