Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

хештаншинос набояд як сомониро бе додани андозу ҳақмузди кормандон сарфи дигар соҳа гардонад. Азвалин талаботи адолати тақсимоти молия додани ҳақмузди корманде мебошад, ки бевосита меҳнат намудааст ва ӯ ҳақи ҳалоли меҳнатии худро бояд соҳиб гардад. Дуюмин, андози даромад, ки барои дастгирии дигар табақаҳои ҷамъиятӣ, мактабу мадраса ва давлат сарф карда мешаванд, бояд равона карда шавад. Сеюм, дар роҳи барқарорсозии муҳити табиат ва солимии муҳит ва боқимонда барои инкишофи иқтисодии ташкилот ва боз ҳам беҳтар намудани некуаҳволии кормандон равона карда шавад.

Аз ин ҷо, метавон мушоҳида кард, кормандоне, ки зери роҳбари хештаншинос кору фаъолият менамояд, доимо худро дар зери ҳимоя ҳис карда, бо боварии комил кору фаъолият менамояд ва ҳеҷ гоҳ дилхаста намегардад. Агар ҳодисаи нохуше ё нуқсоне дар фаъолияташ пайдо гардад, ӯ бо боварӣ аз паи ислоҳи он гашта, сарпарастию кӯмаки сарвари хештаншиносро ба инобат мегирад.

Рӯҳшиносон менависанд, ки аслан одамон бетоқат мебошанд. Вақте ягон муваффақияти калон ба даст оранд ва соҳиби пулу моли зиёдтар гарданд, шояд рафтору корашон дигар шавад. Сарвари хештаншинос дар ягон давру замон ва ҳолату фаъолият дигар нашуда, оромона кору фаъолият менамояд. Аз ин бар меояд, ки парҳезкорӣ аз ҳама такаббурию ғаюрӣ ва мастӣ рафтори хештаншиносии роҳбарӣ буда, дар вақти пайдо шудани пулу моли барзиёд ӯ бояд дастгирии камбағалому барҷомондагон ва маъюбоку кӯдакон ва инчунин, қобилияти баланди зеҳнӣ доштагонро фаромӯш накунад. Ӯ бояд донад, ки ҳар як кори хайр боз ба худи ӯ даҳқарата ва садақарата баргашта, файзу баракаташ зиёд мегардад, фарзанду оила, миллату ватанашро хушбахт мегардонад.

Қонунияти дигари хештаншиносии роҳбарӣ мутолиаи доимии китобу
маҷаллаҳои дунявӣ ва динӣ ва аз навигариҳои илми касбии хеш пайваста бохабар
будан аст. Равоншиносон таъкид менамоянд, ки донишҳои мо соле то 10%
эҳтимоли кӯҳна шудан дорад. Агар пайваста ба мутолиа машғул нагардем, дар
муҳлати хеле кӯтоҳ ба талаботҳои хештаншиносии роҳбарӣ ҷавобгӯ буда
наметавонем. Вақте роҳбар бисёр мутолиа менамояд ва меомӯзад, қобилияти
фикрронии ӯ инкишоф ёфта, ахбори навинро соҳиб гашта, дар фаъолияти хеш
онро самаранок истифода карда, метавонад навоварӣ ҷорӣ намояд, ки яке аз

пешина
аз 463
навбатӣ