Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

баромада натавониста, қурбони рафтори роҳбарии бемазмуни хеш мегарданд ва барои ҷамъият низ хавфноктарин мавҷудот мебошанд. Аммо кору бору номи неки роҳбари хештаншинос новобаста ба зинаи роҳбариашон ҳазорсолаҳо нек боқӣ монда, корнамоиҳои онҳо боиси ифтихори халқу миллату авлоду аҷдод гашта, манфиаташро ҳазорҳо насл мебинанд.

Ҳамин тариқ, тозагии гуфтор ва рафтор, қонунияти дигари хештаншиносӣ буда, аз сарвар ҳалимию меҳрубонӣ нисбат ба зердастон ва атрофиёнро талаб менамояд. Бо ин нишонаи хештаншиноси роҳбар ӯ бояд барои атрофиён намуна буда, аз гуфтору рафтори вай дигарон истифода карда тавонанд. Сухани ӯ бояд ҳалимона ва бекинаю бадхоҳӣ буда, ҳидоятгари роҳи нек бошад. Симои зоҳирии сарвари хештаншинос доимо озодаю тоза, либоси нав ва атриёти хуберо дошта бошад. Дар вақти сухан гуфтан тозагии овоз, даҳону дандонҳо, мӯи сару риш ва ишораю имоҳо тамизи муайяни худро доро бошанд, ки аз нишонаҳои хештаншиносии сарвар гувоҳӣ диҳанд.

Низоми хӯрдану хоб рафтану меҳнат карданро нигоҳ дошта, набояд тани худро аз ҳад зиёд фарбеҳ намояд, ки қаду қомати зебо ва миёнаи сарвар ва саломатии хуб нишонаи дигари хештаншиносии роҳбарӣ мебошад. Чунин талаботро роҳбари хештаншинос ҳар лаҳза, ҳар соату дақиқа, рӯӯ шаб аз худ дошта, фаромӯш нанамояд, ки аз рӯи имкони худ дигаронро низ аз паи хеш бибарад. Ҳар қадар тарафдорони рафтори неку поки Шумо зиёд гарданд, ҳамон қадар иззату эҳтироми сарвари хештаншинос афзуда, файзу баракат бештар мегардад ва ҷомеаи солимеро дар атрофи хеш пайдо месозад. Чӣ қадаре ки сафи пайравони некноми ӯ зиёд гарданд, ҳамон қадар сарвар дар хештаншиносӣ боло рафта, мартабаи баландро ноил мегардад, яъне ӯ зинаи дӯстдориро соҳиб мегардад, ки қонунияти бузурги хештаншиносии роҳбарӣ буда, аз ҳама нуқсонҳо эмин мебошад. Аз ин хотир, дӯстдорӣ нисбат ба кормандон, қорафтодагон, бечорагону камбағалон, дармондагону кӯдакону ноқисақлон ва умуман, мавҷудоти замину осмон ба сарвар имкон медиҳанд, ки дарки пурраи оламу одамро дошта бошад. Пас, сарвароне, ки ба ин зинаи хештаншиносӣ мерасанд, дили чун оина поки илоҳӣ дошта, аз олами ҳастӣ бохабаранд.

Адолати тақсимоти захираҳо ва даромади корхона ва додани ҳақмузди пурра ва саривақтӣ низ қонунияти хештаншиносӣ ба ҳисоб рафта, сарвари

пешина
аз 463
навбатӣ