Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
равандҳои асосии инкишофи иқтисодии асри XXI ба ҳисоб меравад. Дониши навину тоза ба воситаи дарки ақлонии ӯ ба дилаш боварӣ ва қувваи нав зам намуда, дар кору фаъолияташ боз дилгармию ҳаваси нав пайдо мегардад.
Бинобар ин, вақте сарвар пайваста ба омӯзиш машғул аст, доимо дар андешаронии ӯ фикрҳои тоза пайдо гашта, аз қолаби пешина даст мекашад ва доимо бо ақидаю донишҳои нав баромад карда, муҳаббати кормандон, халқ ва фарзандонашро низ нисбат ба худ мустаҳкам менамояд. Аммо вақте сарвар кам меомӯвад ва аз донишҳои нав бедарак мемонад, зердастони пургайрат аз ин донишҳо бохабар гашта, қафомонии роҳбарро ба зудӣ ҳис менамоянд ва заифии ӯро мегӯянд. Фикри тозаи аз нигоҳи илмӣ мустаҳкам доимо бартарият дошта, роҳбари хештаншинос фақат тавассути чунин захираи маънавӣ ба боло ҳаракат карда метавонаду халос. Аз ин ҷост, ки сарвари хештаншинос пайваста ба донишомӯзӣ машғул буда, рӯҳу дили худро пуркувват гардонида, бо боварии калон ба пеш ҳаракат менамояд ва ба мақсадаш мерасад. Бо ақидаи файласуфи бузурги тоҷик Мавлоно Ёқуби Чархӣ аз рӯи қоидаи «Дил бо ёрӯ даст ба кор»
бояд зиндагонию фаъолият намуд.
51.2. Масъулияти касбӣ ва хештаншиносии роҳбарӣ
Касб гуфта, шакли мукаммали фаъолияти меҳнатӣ, кореро меноманд, ки дониш ва тайёрии махсусу муайянеро талаб менамояд ва одамон барои таъмин кардани талаботҳои моддӣ ва маънавии худ иҷро менамоянд.
Корманди касбӣ гуфта, шахсеро меноманд, ки дониши мукаммал оид ба касби аниқе дорад ва аз иҷрои ӯҳдадориҳои вазифаи муайян устокорона мебарояд.
Аммо иҷрои кори як касбро шахсиятҳои гуногун дар мӯҳлат ва бо шаклу усулҳои гуногун ба анҷом мерасонанд, ки ин аз дараҷаи қобилият ва касбнокии онҳо гувоҳӣ медиҳад.
Аз ин ҷо, касбиятнокии кормандро ҳамчун системаи мукаммали маълумоти мушаххас ва қобилияти комплексии шахс метавон баҳо дод.
Вобаста аз зинаи инкишоф ва нишонҳои дар боло гуфташуда, кормандро
ҳамчун шахси дорои қобилияти пасти касбӣ; миёнаи касбӣ; баланди касбӣ; олии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё