Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  • нишонагирии ягонаи мақсаднокии кору фаъолияти ҳар як аъзои коллектив.

  • муҳити солими иҷтимоию рӯҳӣ ва ахлоқию маърифатӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигарӣ.

  • ҳамкории рафиқона, дастгирии якдигарӣ, некбинию дилсӯзӣ дар коллектив, муҳити хуби корӣ, инкишофи баланди маънавии ҳар як аъзои коллектив.

  • эҳтирому эътирофи меҳнати якдигар ва қадршиносии роҳбарӣ.

  • тақсимоти аниқу пурраи ҳуқуқу вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои роҳбарӣ дар менеҷмент. Ташкили муҳити ҷустуҷӯи роҳҳо ва усулҳои беҳтаршавии ҳолати роҳбарӣ ва самаранокии кори корхона.

  • обрӯю эътибори баланди сарварӣ, дар навбати аввал то роҳбари поёнӣ дар менеҷмент. Дарки қобилияти баланди кордонию ҳунармандии ҳар як роҳбар.

  1. Раванди дигари концептуалӣ ин муносибатҳои мавқеию рӯҳӣ дар ҳама намуди фаъолият ва ҳолатҳо мебошад. Ин раванд аз якчанд қисмҳо иборат аст:
  • байнишахсӣ — муносибатҳои муайяни байни кормандон ва роҳбарон.

  • фардӣ - гурӯҳӣ — муносибати байни аъзои алоҳидаи коллектив ва гурӯҳ, байни роҳбар ва коллектив ва баръакс.

  • байнигурӯҳӣ — муносибатҳои байни шӯъбаҳо ва идораҳои алоҳидаи менеҷмент.

  • муносибатҳои ахбории байни кормандон ва роҳбарон аз рӯи қоидаи уфуқӣ ва амудӣ.

  • муносибатҳои коммуникатсионии корӣ ва ғайрикории кормандону роҳбарон дар менеҷмент.

  1. Раванди рӯҳию педагогии муносибатҳои роҳбарӣ. Ин раванд асосан бо роҳи истифода аз сухан ва дигар васоити ахборӣ ҷорӣ карда мешавад ва вобаста аз манфиати рӯҳиявӣ — педагогиашон чунинанд:
  • ахлоқӣ-тарбиягӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳои педагогию муносибатҳои корӣ дар менеҷмент.

  • демократии ҳуқуқӣ — вобаста аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои фардӣ ва хизматии ҳар як шахсият, вазифагузорӣ ва талаб намудан.

пешина
аз 463
навбатӣ