Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

баланд дошта бошаду халос, балки системи мукаммали рӯҳию маданӣ бояд самаранок машғули кору фаъолият бошад, ки дар ягон нуқтаи он нуқсоне мушоҳида карда нашавад. Барои ин ҳар як корманд бояд рӯҳан ҳис намояд, ки самаранок меҳнат кунад. Барои коллектив шароити хуб фароҳам овардан вазифаи муқаддаси ӯст.

  1. Ташкили гурӯҳҳои зерсистемавие, ки менеджерони поёнӣ ва кормандони алоҳидаро муттаҳид сохта, якдирию эҳтирому бовиҷдон меҳнат карданро ташкил карда метавонанд. Бояд гуфт, ки дар ин сохтор коргарон, аллакай, на ҳамчун объекти идоравӣ, балки ҳамчун шахсият ба система дохил шуда, фикри худашонро озодона баён ва дар идоракунии истеҳсолӣ бевосита иштирок менамоянд. Ин заруриятро бевосита шароити инкишофи босуръати ахбори электронӣ ва истифодаи технологияи навини коммуникатсионӣ ба майдон овардааст, ки талаботро ба кори ҷисмонӣ кам карда, ба фаъолияти зеҳнӣ баланд бардоштааст.
    Вазифаи асосии рӯҳию мадании ин зерсистема ташкили чунин муҳити фаъолият мебошад, ки ҳар як корманд хоҳиши баланди бовиҷдонона ва самараноку поку тоза меҳнат карданро пайдо намуда, дар тақсимоти фоида бевосита иштирок намоянд.

  2. Раванди маънавии ташкили фаъолияти роҳбарӣ, ки бевосита ба ҳолати рӯҳии коллектив ва ҳар як менеҷер вобастагии калон дорад. Зимни инкишофи ин раванд аз зинаи инкишофи маданияю маърифатии менеҷмент гувоҳӣ медиҳад, яъне маданияти коллектив ба зинаи инкишофи маданияти ҳар як аъзои он вобастааст. Вобаста аз зинаи аҳромин роҳбарӣ ҳар яке талабот ва мавқею мартабаи хешро доранд.
    Қобили зикр аст, ки дар корхонаи қафомонда албатта, ҳолати рӯҳию маънавии он бесарусомон буда, якдигарфаҳмию дӯстӣ ва умуман, маданияти ташкилии фаъолият хеле паст аст.

  3. Ташкили системи корпоративии маданӣ дар менеҷмент асосан равандҳои зеринро дар бар мегирад:

  • ҳолатҳои рӯҳию маънавии ҳамкорӣ ва муносибатҳои байниякдигари кормандон дар коллектив.
пешина
аз 463
навбатӣ