Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
фикрронии ақлонӣ, арзишҳои нишонагирӣ, талаботҳо ва омилҳои роҳбарӣ, қоида ва меъёрҳои меҳнат ва шароити меҳнат, анъана, урфу одат ва расму оинҳои миллӣ дар менеҷмент.
6. Худтанзимдории фаъолияти гурӯҳи муайяни одамон ва роҳбарони алоҳида дар менеҷмент.
7. Таъмини ташаккули хештаншиносии роҳбарӣ дар менеҷмент.
Ҳамин тариқ, мақсадҳои воқеии рӯҳиявии маданиятшиносӣ гувоҳи онанд, ки онҳо бевосита дар рафтори одамон вуҷуд дошта, арзишҳоеро ба миён меоранд, ки роҳбар дар ҳамон зинаи инкишофи худ қабул намудааст. Ҳар қадар роҳбар ба зинаи болотар қадам гузорад, ҳамон қадар аз арзишҳои баланди маданиятшиносӣ бохабар гашта, инкишоф меёбад. Албатта, ин арзишҳоро бо дилу ҷон қабул намуда, ба хештаншиносӣ наздик мешавад, чунки арзишҳои баланди маданиятшиносӣ худ арзишҳои хештаншиносии роҳбарӣ буда, нишонагирӣ ба зинаи баланди инкишоф доранд.
Моҳият ва мураккабии рӯҳии маданиятшиносӣ дар менеҷмент гувоҳи он аст, ки он вазифа ва функцияи муҳими ташаккули менеҷменти замонавиро аз қабили ворид кардани моҳияти фалсафии мақсадгузории корхона дар фаҳмиши кормандон, низоми дурусти мадании иҷрои кору мақсадҳо, бартараф намудани монеаҳо ва нуқсонҳои рафтори роҳбарони алоҳидаи менеҷмент иҷро менамояд. Ташкили гурӯҳҳои ҳамфикрон оид ба ҷорӣ намудани рафтори баланди маданӣ дар менеҷмент ва дигар вазифаҳои иҷтимоию рӯҳиро дар бар мегирад. Барои пурра ташкил намудани ҳолати рӯҳии маданӣ дар корхона менеҷментро зарур аст, ки концепсияи ташкили рӯҳию мадании корхонаро тартиб дода, мақсад, меъёрҳо, сохтор ва таркибу низоми маданияти онро нишон диҳад.
Таркиби концепсияи замонавии маданияти менеҷментро аз рӯи равандҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:
- Системаи муносибатҳои фаъолияти роҳбарӣ ва кори ҳар як корманд дар менеҷмент, яъне мавҷуд будани ягонагии устувори фаъолият ва мақсадгузорӣ дар менеҷмент. Механизм ва роҳҳои ташкили дӯстию рафиқии коллектив, новобаста ба гуногунии фикру ақидаҳо ва раванди фаъолиятҳо. Моҳияти ин раванд бевосита аз хусусият ва талаботи менеҷмент бармеояд, ки дар он на фард ва ё қисмати алоҳида фаъолияти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё