Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

масоили асосии менеҷмент ба ҳисоб рафта, омили рӯҳиявию маданияти ташкили менеҷмент ҳамчун арзишҳои волои фалсафии боваркунонии кормандон, меъёри рафторӣ, ки ташкилотро дар як системаи пурраи арзишҳо нигоҳ дошта метавонад, арзёбӣ мегарданд.

Аз ин нигоҳ, маданиятшиносӣ ҳамчун зинаи маънавӣ ва физиологии инкишофи роҳбарӣ дар менеҷмент буда, имконоти риояи қонуниятҳо, меъёрҳо ва арзишҳои баланди истеҳсоли мол ва хизматрасониро дар вақти мавҷуда ба бар мегирад.

Бояд гуфт, ки ҳамаи он қоидаҳои рафтори роҳбарие, ки дар ҷараёни таърихии давлатдорӣ ва роҳбарӣ ба майдон омадааст, ба маданиятшиносӣ тааллуқ дошта, дар ҷомеа ҳамчун инкишоф қабул аст. Яъне «одами маданӣ, ҷамъият ва ё коллективи маданӣ, рафтори бомаданият, шароити бомаънӣ ва ғ.»
ки аз зинаи инкишофи маънавии ин ё он ашё маълумот медиҳанд ва баръакс ҳангоми зинаи пасти инкишоф фаҳмиши «бемаданият»-ро истифода мебаранд.
Бинобар ин, маданиятшиносӣ ҳамчунин зинаи инкишофи менеҷмент шинохта шуда, муносибати рӯҳии рафтори роҳбарро муайян месозад.

Моҳияти рӯҳиявии маданиятшиносӣ нишондиҳандаи иҷтимоию рӯҳие мебошад, ки муҳити ҳаётии маънавии менеҷментро муайян карда, мақсаднокии стратегии корхона, нишонагирӣ ба оянда, ҳавасмандӣ ва меҳнатдӯстии коллектив, ҳамкорӣ ва дастгирии якдигарӣ, инчунин, нишонаҳои баланди самаранокии иқтисодиро таъмин месозад.

Раванди рӯҳиявии маданиятшиносӣ аз унсурҳои зерин иборатанд:

  1. Таъмини муҳити рӯҳии мақсаднокии фаъолияти менеҷмент.
  2. Қабули талаботҳои корпоративии маданияти корхона барои ҳамаи роҳбарон дар менеҷмент.
  3. Ташкили коллективи ягона дар асоси меъёрҳои маданӣ ва иҷтимоии корхона. Якдигарфаҳмӣ ва эҳтироми байниякдигарӣ дар менеҷмент, қоидаҳои ягонаи роҳбарӣ дар менеҷмент ва пешвоӣ.
  4. Таъмини комплекси ҳолати рӯҳиявии маданиятшиносии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, меҳнатӣ, ахлоқӣ, экологӣ, саломатӣ ва ғ.
  5. Банизомдарории рафтори роҳбарӣ — ягонагии талаботҳои рафторӣ, ташаккули босуботи рӯҳиявии маданиятшиносии коллективӣ ва фардӣ.
пешина
аз 463
навбатӣ