Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

китоб, истифода аз алоқаҳои моҳворавии кайҳонӣ, хати Интернет ва дигар воситаҳои коммуникатсионӣ соҳиб гашт.

Бояд гуфт, ки имкони истифодаи ахбори ҷаҳонӣ бо роҳи кушоди воситаҳои расонаҳои гуногуни ахборӣ, боиси омехташавии мадании халқу миллатҳои гуногуни дунё ва маданияти менеҷменти корхона мегардад, ки мо дар китоби 1-4-уми хеш пурра гуфта гузаштаем. Инчунин, бори дигар таъкид менамоем, ки барои аз маданияти дигар халқу миллатҳо пурра ва дуруст бархӯрддор гаштан, роҳбар дар навбати аввал бояд аз маданияти халқу миллати худ бохабар буда, номукиҳои миллӣ ва технологияи онро ташаккул дода, ба меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ кунонад, ки дар натиҷа самарноктар ва устувор фаъолият намуда, ҳарчи зудтар ба зинаи баланди хештаншиносии роҳбарӣ мерасад.

Чуноне ки мо дар қисми 4-уми китоби менеҷмент таъкид намудем, донистан ва омӯхтани асосҳои таърихии хиради давлатдорӣ ва роҳбарӣ, ки ҳанӯз даворсолаҳои пеш ба инкишофи баланди муносибатҳои роҳбарӣ ва хештаншиносӣ оварда расонида буданд, асоси роҳбарии ояндаи миллати тоҷик ва дигар халқу миллатҳои дунё хоҳад гардид. Равоншиносон исбот намудаанд, ки новобаста ба зинаи инкишофи баланди технологӣ расидани шакли классикии ахбори маданӣ бо роҳи аз волидайн ба фарзанд, аз устод ба шогирд, аз китоб ба хонанда мавқею мартабаи худро ҳеҷ гоҳ паст накарда, балки боз ҳам мустаҳкаму зарур гашта, меҳнату инкишофи баланди хештаншиносии роҳбариро талаб менамояд. Аммо технологияи додани ахбор мумкин дигаргун гашта, боз имконотҳои зиёди маданиро ба майдон овардааст, ки аз ҳар як роҳбар донишу ҷаҳонбинии васеъро талаб менамояд ва мо дар мавзӯъҳои оянда оид ба он пурратар гуфта мегузарем.

53.3. Ташаккули рӯҳии маданиятшиносии роҳбарӣ дар менеҷмент

Даҳсолаҳои охир дар адабиёти иқтисодӣ доир ба инкишофи менеҷмент донишмандон диққати махсусро ба масоили рӯявии маданияти ташкили роҳбарӣ дода истодаанд. Махсусан, дар адабиёти хориҷӣ, ин раванд яке аз

пешина
аз 463
навбатӣ