Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

рафтори сиёсии роҳбарон, ҳаёти динӣ ва ҳунарии мардуми тоҷик, тағйироту тағйироҷҳои молию мавқеи иҷтимоии аҳолӣ ва шакли онладорӣ таъсири худро расонида истодааст.

  1. Дигаргуншавии сохтори ташкилоту муассисаҳо, шакли хоҷагидорӣ ва кам шудани ҳаҷми корхонаҳо ва дигаргуншавии хоҳиши истеъмолкунанда дар Тоҷикистон, боиси кам гардидани ҷойҳои корӣ шудаанд. Дар натиҷа, аксари мардуми деҳот, ки аслан дониши касбӣ надоштанд, бекор монда, рӯ ба сӯи мамолики ғарб барои ҷустуҷӯи кор, ки аслан қувваи ҷисмонӣ, на балки дониши касбӣ талаб мекунад, рафтанд, ки тақрибан 60-70% ҷавонони то 30 соларо ташкил медиҳанд.

  2. Инкишофи ахборӣ ва пайдоиши ташкилотҳои муштарак ва мустақиди хориҷӣ қоида ва қонуниятҳои нави мадании роҳбарии уфуқиро ҷорӣ менамоянд, ки пештар барои корхонаҳои Тоҷикистон хос набуданд. Дар натиҷа, ҳалли аксари масъалаҳо, ки пештар шакли амудӣ дошт, шакли уфуқӣ гирифта, дигар аз менеҷменти ҳукуматӣ вобастагии бевосита надоранд.

  3. Зинаи бюрократии роҳбарӣ заиф гардида, ҷояшро оҳиста-оҳиста қоидаҳои демократии роҳбарӣ гирифта истодааст, ки асосашро маданияти баланди хештаншиносии роҳбарӣ бояд ташкил намояд.

  4. Дар шароити навини инкишофи иқтисодӣ, ки ба қоидаҳои бозори озод нигаронида шудааст, мавқеи калонро «сармояи башарӣ» ташкил медиҳад ва талаботҳои баландро соҳиб мегардад, яъне соҳибкорӣ ва баробари ин роҳбариро мутахассисони баландихтисоси дониши замонавии технологияи зеҳнӣ ва қобилияти баланди фикрронӣ дошта иваз хоҳанд кард.

Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки дигаргуниҳои калони сохторию мадании роҳбарӣ дар баробари гузаштан ба шакли иқтисоди бозоргонӣ пайдо шуда, муносибатҳои навинро тавлид сохтаанд. Чунин ҳолат аз роҳбарон боз талаботҳои навини мадании хештаншиносиро оиди истеҳсолот, техника ва технология ба майдон овардааст, ки асосашро боз ташаккул ва инкишофи касбию мадании роҳбарӣ ташкил медиҳад. Ин мақсадро бештар метавон бо роҳи омӯзиши таҷрибаи дигарон, гуфтори донишмандону ҳирадмандон, мутолиаи

пешина
аз 463
навбатӣ