Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

гуфтугӯй - машваратӣ — бо роҳи гузаронидани маҷлису машваратҳо, семинару конфронсҳои корӣ ва илмию тадқиқотӣ.

  • баромадҳои расмӣ тариқи расонаҳои хабарӣ ва иншои дастурамалҳо.
  • боваркунонӣ ва натиҷагирию баҳодиҳӣ ба кори хуб ва исбот намудани камбудию норасоиҳо дар фаъолияти корию роҳбарӣ.
  1. Ташкили менеҷменти мустаҳкамкунанда ва ташаккулдиҳандаи маданияти корпоративии корхона дар асоси фаъолиятҳои зерин бояд сурат гирад:
  2. Ташкили гурӯҳҳои намунавии кори роҳбарӣ ва истифода аз обрӯю эътибори шахсиятҳои мӯътабари коллектив. Ҳолати рӯҳии одамон чунин аст, ки ба касе боварӣ дошта бошанд, аз қафои он шахсият мераванд.
    Боваркунонӣ ба некӯаҳволӣ, орзую умеди оянда, ҳақиқатпарастию адолатхоҳӣ, имконот ва шаффофияти роҳбарӣ ва имконоти дар оянда роҳбар шудан ва ё болоравӣ аз рӯи вазифа.
  3. Фаҳмондадиҳии ягонагии мақсаду мароми роҳбарӣ, манфиатнокии дастовардҳо ва комёбиҳои коллективӣ, масъулиятнокии ҳар як аъзои коллектив. Ин фаъолият бо роҳи овезон намудани дастуру нақшаҳои роҳбарӣ, тахтаҳои фахрӣ ва ташкили маҷаллаи корхона ва боваркунонӣ бо воситаҳои филмҳою банаворгириҳои телевизионӣ ва ғ. амалӣ мегарданд.
  4. Ташкили шиносонии пурраи менеҷерон ба ҳамаи аъзоёни коллектив ва маълумоти пурра доштани роҳбарон оид ба ҳар як корманди хеш. Ҳатто, ҳолати рӯҳӣ, вазъи саломатӣ, аҳволи оилавӣ, фарзандон ва ҷои истиқомату шароити зиндагонӣ бояд мавриди омӯзиш қарор дошта бошанд.
  5. Ташкили гурӯҳҳои ғайрирасмӣ аз ҳисоби шахсиятҳои шинохтаи коллектив, шӯроҳои педагогӣ, тарбиявӣ ва ғ. Ба онҳо вазифадор намудани омӯзиши рафторию педагогиИ ҳар як звеноҳои идорӣ, то ба роҳбарони алоҳида. Фаъолияти ин гурӯҳҳоро ба ташкили худидоракунӣ ва мустақилияти фаврӣ инчунин, баланд бардоштани масъулиятнокии роҳбарӣ равона намудан зарур аст.
  6. Омӯзиш ва назорати омилҳое, ки ба ҳолати рӯҳию мадании кормандон таъсир мерасонанд. Истифодаи муборизаи коллективӣ ба муқобили
пешина
аз 463
навбатӣ