Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Мо бояд арзиши онро ёфта гирем, вале аз рўйи ҳолатҳои кор Давронов на аз шахсонест, ки мо гумон мекунем. Агар ў сесад доллар медошт, ҳеҷ гоҳ ба ҷинояти дуюм даст намезад. – Ба фикрам Давронов сирри ангуштаринро ба гўр мебарад?
– Не, агар ин сирро ба мо нагўяд, ҳатман ба фарзандонаш бояд онро ошкор кунад, чунки ўро як писару як духтаре ҳаст… – Чӣ магар мо интизор мешавем, ки кай ў ин сирро ба фарзандонаш ошкор созад.
– Не, дар он сурат мо хонаи ўро бояд кофтуков кунем.
– Гумон доред, ки ангуштаринро дар хонааш мондааст? – Бале.
– Пас чаро мо аз пай ин кор намешавем.
– Ду сол пеш ҳамсари Давронов вафот кард. Писараш Асрор дар айни вақт дар шаҳри Москва зиндагӣ дорад ва дар заводи мошинбарории «Зил» кор мекунад. Духтараш Манижа истиқоматкунандаи шаҳри Самарқанд аст.
Хонааш бошад дар зери назорат…
Сарваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Акбаршоҳ Абдумаҷидов ба муфаттиши прокуратура Исҳоқ Табаров занг зада, ўро аз дастгир намудани Давронов хабар дод.
– Чӣ, ў аллакай ба гуноҳаш иқрор шуд?
– Ману шогирд мусоҳибаро бо ин «марди хирад» дар лентаи овоз сабт намудем, агар хоҳед онро ҳамроҳи баёноташ ба шумо фиристам.
– Не, лозим нест, ман худам меоям, – гўён Табаров гўшакро ба ҷояш гузошт.
– Як ҷой монед Сафарҷон.
– Хуб шудааст.
… Табаров баъди бист дақиқа ба милиса омад. Ҳар се чой нўшида, сабти овози Давроновро гўш намуданд.
– Чӣ хел ў яку якбора ҷинояти дуюмро ҳам ба гардан гирифт, охир мо ягон гиреҳи кушода дар ин бора надоштем, пурсид муфаттиш.
– Вот это комерческий тайна.
– Фарз кардем, вале ба ҳар ҳол?
– Сафарҷон, шумо гап занед.

пешина
аз 416
навбатӣ