АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Чӣ гумон мекунед, ки ман онро оварда, ба дасти шумо медиҳам.
– Бешубҳа.
– Чунин фикри ботилро аз саратон дур кунед, гуфтам–ку ман онро фурўхтам.
– Пас канӣ пулҳояш?
– Пулашро хўрдам, ана ҳамин хел нависед. Ман монда шудам, дигар сухане надорам.
Акбаршоҳ тугмачаро зер кард. Лаҳзае пас милисионере вориди утоқи кориаш шуд.
– Ин касро баред.
– Хуб шудаст, – гуён милисионер Давроновро ба шўъбаи навбатдорӣ бурд…
– Ҳеҷ гумон надоштам, ки ў чунин тез бой медиҳад,– хандида гуфт Сафар.
– Русҳо мегўянд, ки «риск благородни дело»
– Шубҳае дар суханашон нест. Давронов дар ҳақиқат бовар кард, ки мо сабти гуфтугўйи ўро бо Кабудов дорем. Агар рафту мегуфт, ки майлаш лентаро монед?
– Ман аз таги миз ҳамоно тугмачаи зангро ду бор зер мекардам ва навбатдор ҳамоно ҷараёни барқро ҷудо мекард.
– Маълум мешавад, ки амалёт то ҷузъиёти майдатаринаш тарҳрезӣ шуда будааст, ман бошам гумон кардам ки…
– Чӣ хуб ки ҳамааш ба некӣ анҷомид, дар ин бора ба Табаров хабар додан лозим.
– Рафту ангуштаринро наёбем чӣ?
– Магў нохуш, ки посух нохуш ояд,
Ба кўҳ овози хуш деҳ, то хуш ояд…
– Шуморо фаҳмидам, вале рафту…
– Ангуштарин ягона далели шайъиест, ки барои он ду тан дунёи ҳастиро падруд гуфтанд ва мо ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки онро наёфта, аз натиҷаи кор ҳарф занем.
– Агар дар ҳақиқат онро ба ягон шахси ношинос фурўхта бошад чӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё