Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сафар дар бораи чӣ тавр бо лентаи холӣ тарсонидани Давроновро гуфта дод.
– Такрор ҳам шавад мегўям, ки таҷрибаи кории шумо барои ҳар яки мо худ як мактабест Акбар Ҳакимович, –гуфт Табаров.
– Маро таърифи бисёр накунед, рафту…
– Ин таъриф не, мо ҳақиқати ҳолро гуфтем ва бигузор шогирд таҷрибаи кории шуморо нағз омўзад…
– Исҳоқ Табарович тақдири Шовалиев ва Эшонова чӣ мешавад?– пурсид Сафар.
– Дар ин бора шумо аз моддаи 32 то 34 Кодекси ҷиноятии ҶТ – ро бори дигар қироат намоед ба саволи худ ҷавоб хоҳед гирифт…
– Ин ҷо ман ба фикри шумо розӣ шуда наметавонам.
– Чаро?
– Ҳодисаи мазкўр тамоман дигар аст ва онро танҳо ба Шовалиев дастрас намудан мумкин аст.
– Ба Эшонова чӣ?
– То вохўрӣ бо Шовалиев ў боварӣ доштааст, ки Зубайдоваро Ҳасан ба қатл расонидааст ва ба фикрам ў хоҳиши анҷом додани ҷиноятро доштааст, барои аз райъаш гаштан ҳатто шарикашро ҳам огоҳ насохтааст.
– Бисёр хуб аст, ки шумо ақидаи худро доред ва барои ҳимояи он баҳс мекунед. Маҳз баҳс ҳақиқатро рўйи об мебарорад ва рафти тафтишот ба тақдири ҳар кадоме нуқта мегузорад…
– Шояд бо Давронов гуфтугў кунед, – пурсид Акбаршоҳ.
– Ба ин масъала фардо бармегардем, имрўз заруратеро намебинам.
– Афсўс, ки мо як далели шайъии дигарро наёфтем.
– Чиро дар назар доред? – пурсид Сафар.
– Дар ҷойи куштори Зубайдова нақши красовкаи навъи адидас, андозаи чилу се гирифта шуда буд, вале дар хонаи Кабудов ҳангоми кофтуков онҳоро наёфтем, – гуфт Абдумаҷидов.
– Шояд дар ин бора Давроновро пурсед?
– Фикри нағз, фардо дар рафти пурсиши Давронов ман дар ин бора пурсон мешавам, – гуфт Табаров.

пешина
аз 416
навбатӣ