Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба шумо рухсати рафтан медиҳам, – гуфт Абдумаҷидов ва чун он ду милисионер аз дар берун шуданд гуфт: чиптаро ҳамагӣ соате пеш аз парвоз бо азобе ба даст овардед, вале то лаҳзаи парвоз бо Зубайдова ду маротиба дар як рўз вохўрдед?
– Хайр фарз кардем, ки вохўрдам. Ин маънои онро надорад, ки ман ўро ба қатл расонидам. Шумо гуфтед, шабе ки ман дар авҷи осмон аз хидмати Гулнораи Баракатулло баҳра бурдам, кадом нохалафе Замираро ба қатл расонидааст. Ман метавонистам, ки худи ҳамон шаб баргашта биёям ва қасди ҷони Замирахон намоям? Шумо бояд дар ин бора ҳамон стюардесаро ёфта мепурсидед.
– Пурсидем.
– Будани маро дар самолёт инкор кард?
– Не.
– Пас ин нобоварӣ аз баҳри чист?
– Вақташ ояд ҳамаашро мефаҳмед, ман боз як бори дигар ба шумо имкон медиҳам, ки дар ин бора андеша намоед.
– Он чӣ медонистам гуфтам.
– На ҳамаашро.
– Фарз кардем, чиро то кунун аз тафтишот пинҳон кардаам?
– Ду маротиба вохўриатонро рўзи 24 феврал бо Замира.
– Фарз кардем, ки дар ин ҷо ҳақ бар ҷониби шумост, вале дар лаҳзаи куштор ман–ку набудам.
– Дар ҳақиқат ин тарафи корро шумо нағз фикр кардед ва алибии шумо раднашаванда аст агар…
– Гапатонро надуздед.
– Гуфтам–ку ҳамааш вақташ қатӣ. Бигўед, ки оё ин шахсро…(Акбаршоҳ ғаладони мизи кориашро кушода расмеро ба дасти Давронов дода) мешиносед?
Ҷамол хело ба расм зеҳн монда, онро пас гардонда гуфт, ки бори аввал мебинад.
– Ба ҳар ҳол кўшиш намоед, ба ёд биоред.
– Не, намешиносам, ба ёд оварда наметавонам.
– Ба фикрам фаромўшхотир шудаед ва ман маҷбурам, ки каме ҳам бошад, дар ин бора ба шумо ёрӣ диҳам. Дар расм ҷасади мақтул Ўроз Кабудов аксбардорӣ шудааст, шояд номаш ягон чиз ба шумо гўяд?

пешина
аз 416
навбатӣ