АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Ҷамолро маҷбуран ба милиса оварданд. Аз чунин ранг гирифтани кор дасту по хўрд. Ў ҳарчанд мекўшид, ки изтироби хешро пинҳон дорад, вале ин кор муяссараш намешуд. Дастонаш меларзиданд, ҳалқаш қоқ шуда об нўшидан мехост, вале маҷоли сухан гуфтан надошт.
Ниҳоят худро ба даст гирифта гуфт:
– Рафиқ майор, шумо ягон чиз аз ман пурсиданӣ будед? – Ҳа, аз шумо,– гўён Акбаршоҳ сар аз болои коғазҳо бардошта, рост ба чашмони Ҷамол нигарист. Ба назар мерасид, ки ў танҳо худи ҳозир аз омадани Давронов дарак ёфта бошад. – Ҷамол– ако шамоли куҷо шуморо парронда овард?
– Инҳо (ў ба тарафи ду милисионере ки дар пеши дар ҳанўз рост меистоданд, ишора кард) маро маҷбуран аз роҳ чун ҷинояткор дошта, ба автомашинаи милиса шинонда, ба ин ҷо оварданд…
– Мехоҳед, ки онҳо аз шумо бахшиш пурсанд?
– Талаб мекунам, ки дар байни мардум ин корро кунанд. – Хобатонро ба об гўед, фаҳмо!
– Фаҳмо.
– Бигўед, ки он ангуштарин и алмосдор дар куҷост?
– Кадом ангуштарин? Чӣ хел алмос? Ман даъфаи гузашта ҳамаашро ба Шумо гуфта додам, ки умуман ман дар ҷумҳурӣ набудам, агар бовар накунед, ана, (ў даст ба кисааш бурда, чанд коғазеро баровард ва аз байни онҳо яктоашро гирифта, ба дасти Акбаршоҳ дода) ин чиптаро хайрият, ки гум накардаам, онро гирифта ба ин ҷо овардани будам, вале инҳо… Ў боз ба тарафи он ду милисионер нигарист…
– Пас чӣ ҷойи гила? Модоме худатон омаданӣ будед, инҳо аз рўйи эҳтироми хоса шуморо ба автомашина шинонда оварданд, – нимҷиддию нимшўхӣ гуфт Абдумаҷидов. – Ман розӣ будам, ки садҳо фарсах роҳро пиёда тай намоям ва ин бароям осонтар буд, нисбат ба оне ки маро дар чунин аҳвол оварданд…
– Мефаҳмам, вале барои ин нафсро куштан даркор? Оё нашунидаед, ки гуфтаанд.
– Чӣ гуфтаанд?
– «Чоҳкан зери чоҳ».
– …

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё