АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Худоё, аз чунинҳояш нигоҳ дор!– зери лаб гуфт кампир…
Ташрифи духтарро сармуҳандиси барқ хуш напазируфт.
– Ин корат нағз не, охир саҳар гуфтам– ку, боз андак сабр лозим.
– То аз савдогарӣ баргаштани ҳамсаратон? – гуфт духтар.
– Гуфтам– ку ба аёдати модараш меравад.
– Агар нияти аз ҳамсаратон ҷудо шудан надоштед, пас чаро манро фиреб додед?
– Туро фиреб доданӣ нестам, вале ҷудо шудан ҳам кори осон нест. Охир, мо понздаҳ сол бо ҳам зиндагӣ кардем, ба қавле мўйи сиёҳро сафед намудем, мефаҳмед!
– Дар понздаҳ сол он дарахти қоқ ба шумо чӣ дод? Оё фикр намекунед, ки дар батнам аз шумо фарзанд дорам.
– Медонам.
– Пас фикр намекунед, ки ду рўз пас ҳаду ҳамсояҳо аз ин кор бохабар мешаванд…Аз ду сар падарам барои ин корам маро зинда намемонд, – гуфт духтар ба гиря даромада.
Занги телефон сармуҳандиси барқро аз муколамаи минбаъда боздошт. Вай гўшаки телефонро бардошт.
– Ҳа, ман… Хуб шудааст, – гўён гўшакро ба ҷояш гузошт…
– Маро директор мепурсад. Ту ба хона рав, дар давоми ҳамин ҳафта илоҷашро меҷўем.
– Шояд маро ба назди директор баред?
– Чӣ, девона шудаӣ?
– Хайр чӣ, бигузор дигарон ҳам фаҳманд ки…
– Не, ин ҳеҷ мумкин нест. Охир ман бояд аз ҳамсарам ҷудо шавам…
– Маро то берун гусел кунед.
– Не, ҷонакам, маро директор интизор, ту худат рав, – гуён сармуҳандиси барқ аз ҷой бархост.
Духтар ягон ҳарфи дигаре нагуфта, бо қаҳр дарро пўшида берун шуд. Кампир дарбон ўро хомўшона бо нигоҳаш гуселонда аз дил гузаронд: ё тавба, бин аз он кибру ғурураш нишоне намондааст. Ана, ҳамин хел, сармуҳандиси мо марди аноӣ не…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё