АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Ташхисгоҳи тиббӣ – судӣ аз хулосаи пешакии Сунсов дода бештар маълумоте надод. Дар ЭКО ҳам дигаргуние, ки ба рафти тафтишот тағироте дохил кунанд, надоданд. Дар сумкача ва ашёҳои дохили он танҳо пайи ангуштони як шахс ёфт шуд, ки ба соҳиби сумкача тааллуқ доштанд. Танҳо нақши пой, ки дар ҷойи ҳодиса гирифта шуда буд, равшанӣ ба тафтишот андохтанаш мумкин. Нақши дар слепка гирифташуда андозаи чилу се буда, онро шахси туфлии «Саламандра»
пўшида гузошта буд. Ана, акнун ёбед гиред…
Акбаршоҳ ба идора омада, рост ба назди сардор рафт.
– Чӣ илоҷ– гуфт сардор баъди шунидани маълумоти Абдумаҷидов.
– Аз ҳама аввал муайян кардани шахсияти мақтул аст.
Танҳо баъди ин дар атрофи назарияҳои дигар кор кардан лозим меояд. Дар воқеъ сурати мақтулро дар маҳаллаи атрофи Ипподром ба мардум нишон додед?
– Нозири минтақавӣ Бекмурод Шоҳмаҳмадов дар атрофи ҳамин масъала кор карда истодаанд.
– Имрўз ба чӣ кор машғулед?
– Ба фикрам то омадани ҷавоби хабарномаҳо корро дар атрофи ин масъала мавқуф гузоштан лозим меояд. Охир, мо наметавонем кўр – кўрона амал кунем. Ба зами ин дар истеҳсолот корҳои дигаре ҳаст, ки мўҳлати санҷишашон ба охир расида истодааст.
– Корҳои дар истеҳсолот будаатонро бинеду бе фикри ин масъала ҳам набошед. Мо беохир интизор шуда наметавонем.
Мақтул одами таҳҷойист ва ин доираи ҷустуҷўиро то андозае маҳдуд мекунад…
… 4 …
Зулхумор лакоту хаста ба хона омад. Воқеаҳои ним соли охирро ба ёд оварда ба хулосае омад, ки ҷудо шудани сармуҳандис аз ҳамсараш ба манфиати ў нест ва фикре ба сараш омаду гўшаки телефонро гирифта, чанд рақамро пайи ҳам чинд. Чун аз он тараф овози мардонаеро шунид гуфт:
– Ин ман.
– Ман чанд бор телефон кардам, гўшакро набардоштед.
Хостам ба хонаи падаратон занг занам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё