АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Худо хоҳад зуд бармегардем.
Акбаршоҳ баъди хўроки шом ба хонаи хоб даромада, ба тарафи ҷевоне китобҳо рафт ва китоби «Сад соли танҳоӣ»– ро ба даст гирифт… Аз чӣ бошад, ки аз ҳодисаҳои Макендо* дида, ҳодисаи имрўза аз пеши назараш дур намешуд. Ниҳоят мондагиро ҳис карду китобро болои миз гузошта, худро ба бистар партофт ва лаҳзае пас хобаш бурд…
… 3 …
– Истед, истед, – гуфт пиразане, ки посбони даромадгоҳи идораро бар ўҳда дошт.
Духтар дилу бедилон истод ва ба тарафи овоз нигариста пиразани қоматхамидаро дид.
– Шумо ба назди кӣ?– пурсид пиразан.
– Чӣ шумо милисаед?– ба ҷой ҷавоб суол дод духтар.
– Модоме, ки маро дар ҳамин ҷо монданд маҷбурам, ки…
– Чӣ кори дигар наёфтед?– боз сухани ўро борид духтар.
– Чӣ хеле мебинӣ, акнун шаф– шафро мону ҳуҷҷататро нишон деҳ ва гўй ба назди кӣ меравӣ, – дар ғазаб шуд пиразан.
– Ҳуҷҷат надорам, вале ҳамон шахсе ки ба суроғаш омадаам, маро мешиносад.
– Хуш, ба назди кӣ омадаӣ?
– Ба назди сармуҳандиси барқ.
Пиразан хело ба қиёфаи духтар нигоҳ карда пурсид.
– Гўям, ки кӣ омадаст?
– Зуля гўед.
– Зулфия, Зулхумор, – пурсид кампир.
– Зуля гўед, он кас худашон медонанд.
Пиразан занг зада аз омадани духтар ба сармуҳандиси барқ хабар дод.
– Ўро рухсат диҳед.
– Ошиёнаи дуюм, кабинети бисту ҳафт, – ба духтар рў оварда гуфт кампир.
Духтар бо виқор аз зинаҳо ба ошёнаи дуюм баромад.
*Макендо – номи шаҳр, ки дар китоби «Сад соли танҳоӣ» – и Габриел Гарсиа Маркес омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё