Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Гўё намедонӣ.
– Ҳа, фаҳмидам.
– Ана, ҳамин хел. Очам мегўяд, ки ҳамаи мардҳо фиребгаранд.
– Ман ҳам.
– Не.
– Пас хавотирӣ аз баҳри чист?
– Ба фикрам ту аз он дарахти қоқ дил канданӣ нестӣ.
– Пасфардо ў ба шаҳр меравад ва аз он ҷо ба айёдати модараш, ба Тошкант, ана баъд…
Ин гуфтугўи телефонӣ се рўз пеш аз ин ҳодиса ба вуқуъ пайваста буд.
Акбаршоҳ тамоми рўз аз идора набаромад. Сурати мақтулро ба дасти нозири минтақавӣ лейтенанти милиса Бекмурод Шоҳмаҳмадов дода, ўро ба маҳаллаи атрофи Ипподаром фиристод. То нисфирўзӣ хабарномаҳоро тайёр намуда, ба имзои сардори ШКД онҳоро ба котибот супорид. Баъди нисфирўзӣ плану чорабиниҳои таъҷилиро бо пешниҳоди назарияҳои эҳтимолӣ барои тасдиқ ба назди сардор даровард.
Шодмон Додарбеков бо баъзе тағиротҳо плани мазкурро тасдиқ карда, гуфт, ки аз сари субҳ Абдумаҷидов ба ташхисгоҳи тиббӣ – криминалӣ раванд.
Вақте ки Акбаршоҳ аз идора баромад, шом фаро расида буд. Сари қадам ба мағозаи хўрокворӣ даромада, нон ва чанд дона тухму каме ҳасиб гирифта, ба хона омад. Як ҳафта боз худ хўрок тайёр мекард, чунки ҳамсараш Наташа ва писараш Далер ба Липетск рафта буданд. Бо азобе барои худаш хўрок тайёр карда, сари дастурхон нишаст ва мақоли халқии «Давр даври безанӣ, фатир кунӣ танҳо занӣ»– ро ба ёд оварда хандааш омад.
Ин мақоларо дар ягон ҷо нахонда, вале гоҳ– гоҳ онро аз забони мардум мешунид.
– Кош Далеру Наталия Василевна ҳамин ҷо мебуданду фатирро тақсим мекардем, – аз дил гузаронд ў.
Аслан Наташа рафтанӣ набуд, вале Александр (бародари Наташа) бори дуюм ба Акбаршоҳ занг зада гуфт, ки падар дар ҳолати вазнин аст. Бино бар ин Акбаршоҳ ҳамсарашро маҷбур ба Липетск фиристод. Ду рўз пеш онҳо занг заданд. Далер гуфт, ки аҳволи бобояш андаке беҳтар шудааст.

пешина
аз 416
навбатӣ