АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Аз куҷо ин хел худобоварӣ?
– Якум ин ки роҳзан танҳо ҳуҷҷатҳоро не, балки сумкаро якбора мебурд. Дуюм ин, ки на ҳар кас бо як зарба одамро ба ҳалокат мерасонад.
– Сумкачаро дуруст муойина кардед?
– Ҳамаи нақши ангуштони дар сумкача ва ашёҳои дохили онро Самӣ Орифӣ ба дактилокарта гирифт.
– Ҳарчи тезтар онҳоро ба ташхис фиристодан лозим.
– Хуб шудааст.
– Суратҳои мақтулро гирифта ба ҳамаи ноҳияҳои гирду атроф фиристед, инчунин суратро барои шиносоӣ дар кўчаҳои атрофи Ипподром ба мардум нишон диҳед.
– Беҳтараш ин корро ба ўҳдаи нозири минтақавӣ мегузоштед?
– Ман ин корро аз шумо талаб мекунам. Шумо аз рўйи салоҳдиди худ ба кӣ вобаста мекунед, ихтиёратон.
– Шуморо фаҳмидам.
– Оё нақши пой дар ҷойи ҳодиса нест?
– Борони дишаба ба нафъи мо будааст. Дар ҷойи ҳодиса пайҳо зиёд буданд, вале ҳангоми азназаргузаронӣ Самӣ Орифӣ ба хулосае омаданд, ки яке аз ин пайҳо бегона аст ва слепкаи* онро дар ду– се ҷой гирифтанд.
– Дигарашро чаро нагирифтед?
– Нақши дигарашро Хоҷаев, оне ки мақтулро дида буд, гузошта будааст…
… 2 …
– Алло…
– Гўш мекунам.
– Вохўрдан лозим.
– Имрўз наметавонам.
– Модарам аз ҳоли ман бохабар шудааст, мегўяд, ки агар падарат аз ин корат хабардор шавад, саратро мебурад.
– Боз андак сабр кардан лозим.
– Ман– ку сабр мекунам, вале оё ў инро мефаҳмад?
- Слепка – нақши пойро дар гаҷ гирифтан.
– Кӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё