Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Абдумаҷидов ба соати дасташ нигариста гуфт:
– Ҳоло соат панҷу чилу панҷ дақиқа…
Рўз қариб сафед шуда буд. Аз борони шабона акнун нишоне намонда. Собит ин субҳ ба фурудгоҳ рафтанӣ буд.
Бародараш аз Алмаато меомад. Соати шаш ў бояд дар фурудгоҳ мешуд. Аз хона соати чору панҷоҳ дақиқа баромада, ба тарафи кинотеатри «Тошканд» равон шуд. Хонаашон, ки дар паҳлўи Ипподром буд, барои ба истгоҳ омадан ў аз пайраҳаи борике, ки ба тарафи роҳи оҳан мебурд, ба роҳи калон баромадани шуд ва нохост…
Абдумаҷидов гирду атрофро аз назар гузаронида, дар масофаи понздаҳ – бист метр дуртар сумкачаи чармини занонаеро пайдо кард. Дар дохили он ба ғайр аз ашёҳои ороиши занона дигар чизе набуд. Баъди анҷоми азназаргузаронӣ Табаров ва ду шахси холис, ки ҳарду ронанда буданд, ба протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса имзо гузоштанд.
Мақтулро ба ташхисгоҳи тиббӣ– судӣ фиристоданд.
Ташхисгар – криминалист, лейтенанти калони милиса Самӣ Орифӣ, ки ҷойи ҳодисаро сурат гирифта буд, ба Акбаршоҳ ваъда дод, ки то соати нўҳи саҳар суратҳо тайёр хоҳанд шуд. Гурўҳи фаврӣ соати ҳафт ба шўъба омад. Азназаргузаронии ҷойи ҳодиса натиҷае надод.
– Ҷиноят ба кадом мақсад содир шудааст? Ин ва боз бисёр дигар суолҳои беҷавоб Акбаршоҳро ором намегузошт.
Сардори шўъбаи милисаи ноҳияи Гулистон подполковник Шодмон Додарбеков соати панҷу биступанҷ дақиқа, андаке пас аз ба ҷойи ҳодиса рафтани гурўҳи фаврӣ ба идора омад.
– Баробари омадани гурўҳи фаврӣ Абдумаҷидов ба назди ман дарояд, амр кард сардор…
– Ҷеғ зада будед, рафиқ подполковник? – баробари рухсат пурсида вориди кабинети кории сардор шудан гуфт сарваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Абдумаҷидов.
– Марҳамат, гузашта шинед, – сар аз болои коғазҳои дар пешаш буда бардошта гуфт Додарбеков ва пурсид.
– Хуш, чӣ гапҳои нав.
Абдумаҷидов аз воқеаи рухдода мухтасар маълумот дод.
– Шояд роҳзанӣ бошад?
– Ба фикрам роҳзанӣ нест.

пешина
аз 416
навбатӣ