АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

… 31 …
– Оҳҳо, Зулхумор Каримовна, чӣ хеле мебинед, ман бе шумо нафас гирифта наметавонам.
– Шояд гуфтаниед, ки:
«Ман бе ту нафас намегирам дар олам,
Бе ман ту нафас гирӣ ҳаромат бодо»…
– Агар баъзе ҳолатҳои корро сарфи назар кунем, қариб ки ҳамин хел.
– Чӣ магар аз хуршеди хонаатон дилмонда шудед, ки ба тобиши сунъӣ рў овардед?
– Хуршеди хонадони ман зиндагиро тавре ба роҳ мондааст, ки ман дар дигар ҷой баробари дидани нурҳои ялақосӣ, ки аслан гармие надоранд, худро гум намекунам.
– Агар чунин аст, пас маро чаро даъват намудед ва он суханони болохонадоратон чӣ маъно дорад?
– Ман ҳамеша ба зиндагӣ ба таври ростхата менигарам ва гуноҳи ман нест, ки баъзеҳо сухани рости маро баръакс қабул мекунанд. Ба сари мақсад биёед, вақт надорам, ки бо шумо хола–хола гуфта шинам. Дар рафти тафтишот баъзе ҳолатҳои то ҳол дар қаъри дарьё буда, рўйи об баромаданд, ки бе тафсири шумо дар ҳали онҳо оҷизем. Бигўед, ки аслан ба Зубайдов дил додаед ва ё ба бойгарии ў?
– Шумо чиҳо гуфта истодаед? Ман ҳозир аз болои шумо ба сардоратон рафта арз мекунам.
– Марҳамат дар кушода.
– Чӣ?
– Дар кушода!
– Намедонам ба Шумо чӣ бадӣ кардаам, ки қадар маро чашми дидан надоред,– бо овози гирифта гуфт Зулхумор.
– Чи илоҷ, касби ман ҳамин аст, банда ба ҷуз дарёфти ҳақиқат дигар мақсаде надорам. Афсўс ки ҳамин ҳолатро баъзеҳо ба таври худ шарҳ медиҳанд. Дар асл бошад ин тавр нест. Ман ҳеҷ гоҳ дар дилам нисбат ба касе кина нагирифтаам ва бадбиние низ надорам.
– Бубахшед, ман бошам гумон кардам, ки…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё