Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои ў шуда қариб ба ҷиноят даст зада будам. Хайрият ақлам ба ҷояш омаду ҷазои он фоҳишаро додам, вагарна боз маро ба дорулахлоқ мефиристодед.
– Муаммогуиро бас кунед, рафиқ Шовалиев.
– Чӣ хел муаммо?
– Бори дигар ёдовар мешавам, ки софдиллона ба гуноҳи худ иқроршудан дараҷаи ҷазорро сабук мекунад.
– Медонам, на як бору ду бор чунин ваъдаҳоро шунидаам.
– Ман ба шумо имконият додам, вале мебинам, ки хатто кардам.
– Охир ман дар бораи чӣ гап занам?
– Дар бораи амалиёти якҷояатон ҳамроҳи Зулхумор.
– Чӣ он фоҳиша аллакай ҳамаашро қоил шуд.
– Бале.
– Пас нагуфт, ки он доғи зери чашмашро барои кадом барномаи пешниҳод кардааш гирифт.
– Гуфт.
– Набошад аз ман чӣ мехоҳед?
– Фаҳмидан мехоҳам, ки муҳандиси амалёт кадоме аз шумо будед?
– Зулхумор чӣ мегўяд?
– Ў шуморо ҳамчун роҳбари амалиёт ба қалам дода ҳамзамон арз намудааст, ки барои сар печидан аз амратон доғи зери чашмашро чун «тўҳфа» ба ёдгор гирифтааст.
– Ўҳ, лаънатие, гуноҳи худашро ҳам ба гардани ман гардониданист.
– Барои ҳамин, сар печидан аз сухани рост ба манфиати шумо нест.
– Модоме ки обро лой карда моҳӣ доштан мехоҳад, бигзор аз худаш гила кунад, ҳамин хел не рафиқ майор?
– Бале.
– Тахминан дар аввали даҳаи сеюми моҳи феврал Зулхумор телефон карда маро ба вохўрӣ даъват кард. Мо шабро якҷоя гузаронидем. Аз баски ў бо Зубайдов дил додааст, (дар асл ў бойгарии Зубайдов дил бохтааст) барои аз байн бардоштани ҳамсари ў ки ду– се рўз пас азми сафари Тошканд доштааст, аз ман хоҳиш кард. Зулхумор медонист, ки Зубайдов аз ҳамсараш қонунан ҷудо мешавад, вале ин ҷудошавӣ ба манфиати ў набуд.

пешина
аз 416
навбатӣ