Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

… 29 …

Акбаршоҳ субҳ ба кор омада, дар назди бинои милиса Кароматро дида пурсид.
– Кадом шамол шуморо дар ин субҳи содиқ ба милиса овард?
– Як шуморо хабар гирам.
– Марҳамат, рафтем ба кабинет…
– Тахминан даҳ рўз пеш аз ҳодиса Замира Аскаровна ангуштаринеро, ки нигинаш аз алмос буд ба хона овард. Гуфт ки соҳибаш барои он 1200 доллар пурсидааст. Ман барои харидани он розӣ нашудам. Ниҳоят байни мо ҷанҷол шуд ва ў ангуштаринро ба соҳибаш баргардонд. Дар ин бора ман ҳам фаромўш кардам, вале дирўз бегоҳӣ, зане ба ҷойи кори ман омада гуфт, ки рўзи 24 – феврал Замира аз ў ҳазор доллар қарз гирифтааст. Ман рости гап ба суханонаш бовар накардам, вале ў забонхати Замираро нишон дод. Гуфтам, ки ҳамсари ман ба кадом мақсад ин миқдор пулро қарз гирифтааст. Даъвогар гуфт, ки пулро ба мақсади харидани ангуштарине, ки нигинаш аз алмос буд гирифт. То дирўз дар бораи марги Замира ман дар дигар ақида будам, акнун бошад…
– Ному насаби даъвогар?
– Бурҳонова Тағойгул Шодиевна.
– Суроғааш.
– Кўчаи Бухоро…
– Ташаккур, ки вақти худро дареғ надошта ба ёрии мо омадед, албатта, ин масъаларо ба инобат мегирем ва аз натиҷааш шуморо огоҳ месозем…
– Акнун боз шахсияти наве ба саҳна баромад. Аз паҳлуйи вай гузаштан ба манфиати кор нест. Чун Сафар биёяд ўро аз пайи ҳамин кор мефиристам. Ҳоло бошад худи Шовалиевро интизор шудан лозим.
Ў ҳуҷҷатҳои дар истеҳсолот будаашро бо тартиби муайян боло мизи кориаш гузошта, ба хондан оғоз карда буд, ки занги телефони дохилӣ садо дод…
– Рафиқ майор, ба наздатон Шовалиев омадааст, вале даъватнома надорад, – хабар дод ёрдамчии навбатдор.
– Ўро ба назди ман биёред.

пешина
аз 416
навбатӣ