АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агар ў телефон дошта бошад, назорат бурдан аз болои гуфтушунидҳои телефониаш ба фикрам аз манфиат холӣ нест.
– Оё прокурор барои гўш кардани телефони Давронов розӣ мешуда бошад?
– Ин тарафи масъала ба зимаи ман,– гуфт Табаров ва аз ҷой бархост…
Акбаршоҳ ҳамроҳи таҷрибаомўз танҳо монданд.
–Хуш, Сафарҷон, корҳо чӣ хел? Бубахш, ки сараввал аз корҳоят пурсон нашудам.
– Ин хел нагўед, рафиқ майор, ман аз суҳбати имрўзаи Шумо бо Давронов як ҷаҳон баҳра бардоштам. Корҳоро бошад, ана, дар шакли хаттӣ иншо намуда овардам.
Абдумаҷидов варақаҳои гузориши шогирдро бо диққат хонда баромада гуфт:
– Бад не. Маълум мешавад, ки Ўроз Кабудов ду сол дар институти тиббӣ таҳсил карда, сипас ба экспедисияи ҷустуҷўию
– геологӣ рафтааст.
– Ҳамин хел, рафиқ майор.
– Аз ин бармеояд, ки ў анатомияи одамро нағз медонистааст.
– Кай ва барои кадом ҷиноят ҳабс шудааст?
– Соли 1998 барои дуздӣ.
– Ба зери назорати маъмурӣ барои чӣ афтидааст?
– Аз болои ў ҳамсояҳо борҳо шикоят намуданд.
– Албатта, то шамол набошад шохи дарахт намеҷунбад ва бо ташаббуси милиса ба зери назорати маъмурӣ гирифтан осон нест.
– Чӣ хел?
– Барои ин чӣ қадар ҳуҷҷат ҷамъ овардан лозим. Қарорро дар бораи ба зери назорати маъмурӣ гирифтан сараввал бояд сардори Шўъбаи корҳои дохилӣ тасдиқ намояд ва сипас прокурор ба он бояд розигии хешро бидиҳад.
– Ба ҳар ҳол назорати маъмурӣ ҳам ўро аз марг наҷот надод.
– Дар пеши марг ҳама бечораем.
– Бале.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё