АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Кай ва чӣ хел шинос шудед ва ташаббускори ин шиносоӣ кӣ буд?
– Агар хатто накунам, ним сол пеш шинос шудем.
Ташаббускори ин вохўрӣ худи Замирахон буд.
– Аниқтар, бигўед, кай ва дар куҷо шинос шудед?
– Он бегоҳӣ ман аз хонаи ҷиянам Мастура баромадаму ду ҷавонзанеро дидам, ки ҳамсояи Мастура мўйсафеди Осмон Самад– оғлиро мепурсиданд.
– Ҳисси кунчковиам боло гирифту гуфтам, ки камина дар хизмати шумо. Бовар кунед, инро Замирахон ҳам тасдиқ мекунанд. Ман кию чи кора будани худро ба онҳо гуфтам.
– Ҳангоми шиносойӣ аввал чӣ хизматеро анҷом додед?
– Замира як гўшвореро барои ташхис ба назди ман оварда буд. Банда онро дар ҳамон ҷо дида гуфтам, ки сангҳояш ёқути тозаанд.
– Ба ивазаш чанд сўм доданд?
– Ман аз онҳо ягон сўм талаб накардам, вале Замирахон ба дастам 5 сўм қапонд.
– Дар чунин синну сол худро ба ҷойи дигар кас муаррифӣ кардан магар хуб аст?
– Гуфтам, ку ман аз ҳисси кунҷковӣ ҳамин гапро гуфтам ва лаҳзае пас кию чикора будани худамро ба Замирахон гуфта додам. Беҳтар мешуд, ки ўро даъват карда, дар ин бора мепурсидем.
– Бори охирон Замира Аскаровнаро кай дидед?
– Пас аз вохўрии аввала мо боз чор – панҷ маротиба вохўрдем, вале охирон маротиба кай буд, дар ёд надорам.
– Оё дар охирҳои моҳи феврал бо ў вомехўрдед ё не?
– Не.
– Аниқ.
– Бале. Чунки ман чанд вақт дар Душанбе набудам.
– Аз кадом рўз.
– 24 – феврал соати 23:40 дақиқа ман ба Маскав парида рафтам ва танҳо баъди даҳ рўз аз он ҷо баргаштам.
– Чиптаатонро нигоҳ доштагистед?
– Шояд дар байни ҳуҷҷатҳо дар хона бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё