Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кампир, ҳо, кампир, – овоз дод мўйсафед.
– Ҳа чӣ мегўед?– ҷавоб дод пиразан.
– Куҷо шудед?
– Чой мондам, ҳозир меоям.
Пиразан мизи хурдакакеро оварда, назди меҳмон гузошту дастурхон густурда чой ва дар ду лаълича конфету мағзу мавиз оварда гузошт. Дар пиёлае чой рехта назди мўйсафед монд ва пиёлаи дигарро назди меҳмон гузошт.
– Шумо суҳбат кунед, – гуён хост баромада равад, вале мўйсафед гуфт.
– Истед!
– Тенҷӣ– мӣ?– пурсид кампир?
– Тенҷӣ аз куҷо, – гуфт мўйсафед.
– Чӣ воқеае рух дод?
– Ба фикрам ҳамин хел аст. Касе худашро ба ҷойи ман муаррифӣ карда, маслиҳатчии баъзе дармондагони соддалавҳ гаштааст. Ту бошӣ боз мепурсӣ ки тенҷӣ ҳаст!
– Кист он шахс? – пурсид кампир.
– Инашро ман бояд аз ту пурсам, – паст наомад мўйсафед.
– Писарам, кампирро ба рафти воқеаҳои дар атрофи хонадони мо рухдода ошно кун, хоҳиш кард пирамард.
Акбаршоҳ бори дигар нақли лаҳзае пеш ба мўйсафед гуфтаашро ба кампир такрор кард.
– Шаст – шасту панҷ сола, мўйи сараш сап – сафед, қоматбаланд гуфтед?
– Ҳа.
– Се моҳ пештар?
– Бале.
– Ой муйсафед, ба фикрам вай тағои Мастура– ку.
Ҳамроҳат соатҳои дароз омада баҳс мекард. Чӣ аз ёдат баромад?
– Ҷамол.
– Ҷамол ё Камол буданашро ман намеданам, вале ҳамон вақтҳо ба худат гуфтам, ки ў ба ман маъқул нест.
– Ў дар куҷо зиндагӣ мекунад?– пурсид Акбаршоҳ?
– Аниқашро намедонам, вале дар наздикиҳои Ипподром.
– Чанд вақт боз ўро надидаед?

пешина
аз 416
навбатӣ