АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Як моҳ зиёдтар шуд.
– Фамилияашро намедонед?
– Рафта аз Мастура пурсам.
– Лозим нест.
– Ў аслан чӣ кора аст?
– Намедонам.
– Як сурати мўйсафедатонро ба ман медодед.
– Расми ман ба Шумо чӣ даркор?– ба гап ҳамроҳи шуд пирамард.
– Ман онро бояд ба шоҳиде нишон диҳам.
– Ин хел бошад майлатон, гуфт мўйсафед ва ба кампир
фармуд, ки як расми маро ёфта ба ин кас диҳед…
… 17 …
Тай чанд рўзи охир ў бори чандум буд, ки ангуштаринро ба даст гирифта, ба ранги нилгуни нигини он чашм медўхт. Ин бозёфти нодирро ў осон аз даст доданӣ набуд. Дар чунин корҳо саросема шудан нашояд. Хайрият, Уроз Кабудов аз илми кимиё бехабар аст, вагарна ҳеҷ гоҳ ангуштаринро ба ман намедод…
Чи хубе ки дар дунё чунин нодонҳо ҳастанд. Бубин, барои панҷсад доллар шуда ба куштор даст зад. Албатта, он дусад доллари аванс додагии маро аллакай обу лой кардагист ва аҷаб нест, ки дар фикри ман аст. Замира– бону ёдаш ба хайр барои ман мероси бебаҳое монд. Аслан, дар ин ҷо номи бузурги мўйсафед Осмон Самад – оғлӣ ҳам кор дод. Занҳо аслан зудбоваранд. Бо чунин сангҳо сару кор карда, танҳо ба назди ман омад. Агар Худо насиб кунад ин алмос то охири умр барои зиндагии ману фарзандонам басанда аст. Ман ҳайронам, ки Замирабону ин ангуштаринро чи тавр ба даст овардааст. Охир ин «нойи кимберлитист»*. Аз афташ фурўшандаи он низ чун Ўроз нодон ва ё дузд аст, вагарна ҳеҷ каси солимақл чунин ангуштаринро бо ҳазор доллар намефурўшад. Албатта, ҳамаи ин натиҷаи суҳбатҳои тўлонии ман дар бораи сангҳои қиматбаҳо бо Замира– бону буданд. Агар ба Тошканд мерафт, эҳтимол нархи онро як баробар зиёд мекард, ки ин нарх ҳам як баҳои ночизе ба ин мўъҷизаи қиматтарини дунёст.
- Дар охир асри 19 дар Африкаи ҷанубӣ кашф шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё