Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Хело шодам, ки маро фаҳмидед. Тайёрам, ки тайи як ҳафта ба коргоҳи Шумо биёем ва дар амал аз таҷрибаи кориатон баҳра бардорем.
– Оҳҳо, ин чӣ хел мешавад? Шумо– ку сардори гурўҳи тафтишотӣ?…
– Боке нест.
Онҳо боз хело суҳбат карданд ва муфаттиш Акбаршоҳро то берун гусел намуд…
… 16 …

Акбаршоҳ қарибиҳои бегоҳ боз ба хонаи геологи кўҳансол ташриф овард. Пиразане дар пеши дар ўро истиқбол гирифта, ба хона таклиф кард. Мўйсафед садои пойро шунида аз ҳамсараш пурсид, ки кӣ омадааст. Акбаршоҳ аз ин ҳиссиёти баланди мўйсафед ҳайрон шуд. Охир, онҳо қариб, ки бесадо ба хонаи хоби мўйсафед дохил шуданд.
– Аз милиса ба наздатон меҳмон омадааст, мегўяд, ки дирўз ҳам ин ҷо будааст, – гуфт кампир.
– Марҳамат, гузаред. Агар дар масъалаи дирўза омада бошед, гуфтам– ку ёриеро интизор нашавед ва беҳуда худатонро ташвиш додаед.
Акбаршоҳ аз хусуси воқеаҳои нав ба тафтишот маълумшуда мухтасар маълумот дод.
– Аҷиб– ку, – аз бистар нимхез шуд мўйсафед.
Акбаршоҳ аз ҷой хеста, болиштро дурусттар ба такяи пирамард монд ва боз гашта ба ҷояш нишаст.
– Кай гуфтед, ин ҳодиса рух додааст?
– Тахминан се моҳ пештар.
– Гуфтед ёқутро шинохтааст?
– Ҳа.
– Ва боз дар бораи захираи тиллои худамон гап задааст.
– Бале.
– Он чи ки дар бораи тилло гуфтааст мутлақо дуруст аст.
Дар шароити мо агар ба сари ҳар тонна хок аз чор грамм тилло кам бошад, онро кор намекунанд. Дар Африкаи ҷанубӣ бошад ҷустуҷўиҳои геологӣ муқарар намуданд, ки то понздаҳ грамм тилло ёфтан мумкин аст. Вале онҳо аз чанд грамм ба сари як тонна хок пасташро кор мекунанд, мо намедонем. Охир ин кори дохили давлатист.

пешина
аз 416
навбатӣ