Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз навбатдор дар куҷо будани Раҷабовро пурсид ва чун посух гирифт, ки муфаттишро ба прокуратура ҷеғ заданд аз бинои милиса берун шуда, ба тарафи истгоҳ роҳ пеш гирифт…
Ҳавои сарди зимистон боди хунукро ба сару рўяш зад.
«Албатта, дар чунин ҳаво бист дақиқа ҳам дар берун интизор шудан мушкил аст», – аз дил гузаронд ў ва ба аввалин тролейбуси ба истгоҳ омада нишаст…
Наташа ба вохўрӣ бо таёйрии пухта омада буд ва телпаки нав ки ба ҳуснаш ҳусни дигар зам мекард ўро дар чашми ҷавони ба вохури омада боз ҳам дилработар нишон медод.
Духтар соқҳои мўзаашро чун ҳарбиён ба ҳам зада салом гуфт.
– Боз ин чӣ қилиқҳои нав?
– Ҳамаашро аз шумо омўхтем,– рафиқ лейтенант хандида гуфт Наташа
– Гўшам ба шумо.
– Намедонам аз чӣ бошад беихтиёр аз автобус фаромадам.
Ду рўз боз роҳи шуморо нигоҳ кардам, вале наомадед. Гуфтанд, ки «агар кўҳ ба назди Аҳмад нарафт, Аҳмад маҷбур аст, ки ба назди кўҳ равад» ва чӣ хеле мебинед, банда ба зиёрати ин кўҳи азим омодам.
– Агар маро ҳамин хел бардор – бардор кунед, оқибат худро гум мекунам.
– Ба гумон аст.
– Чаро?
– Чунки ману шуморо ба ин ҷо танҳо муҳаббат овардааст.
– Далел?

Ду ошиқро ба ҳам беҳтар бувад рўз,
Ду ҳезумро ба ҳам хуштар бувад сўз.

– Ман қоил, чӣ хел далели боэътимод.
– Ба фикрам Саъдии бузург ҳам замоне чун мо дилдода будааст.
– Албата, гуфтори бузургон ин таҷрибаи зиндагии онҳост, ки ба мо мерос мондаанд.
– Чӣ мероси хубе.
– Хуш малика чӣ мефармояд?

пешина
аз 416
навбатӣ