АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Оё шумо медонед, ки Камол дар дуздии кассаи заводи хишт саҳмгузор аст?
– Баъди оне, ки манро аз хонаи бобоям пеш карданд, ба хулосае омадам, ки Камол ҳам дар ғорат намудани кассаи завод шарик аст, вале ман худам ба ин боварӣ надорам, ҳарчанд дилам гувоҳӣ медиҳад, ки ў низ қадами хешро каҷ ниҳода аст.
Шафоатова нишондодашро бори дигар хонда, ба он имзо гузошт ва баъди оне, ки ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ барои маҳали зисташро тарк накардан ўро огоҳ сохт аз бинои милиса берун шуд…
… 51 …
Матитсина баъди анҷоми дарс дар истгоҳи Универмаги марказӣ фаромада, аз телефон – автомати сари роҳ ба милиса занг зад. Абдумаҷидов, ки баъди аз утоқи кориаш баромадани Шафоатова нияти назди муфаттиш Раҷабов рафтан дошт, садои занги телефонро шунида, аз пеши дар қафо гашта гўшакро бардошт.
– Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ лейтенанти милиса Абдумаҷидов гўш мекунад.
– Дар назди аппарати телефон хатмкунандаи факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Матитсина Наталья Василевна.
– Гўшам ба шумо донишҷўйи муҳтарам.
– Агар малоли хотири рафиқ лейтенант нашавад, донишҷў ўро ба вохўрии таъҷилӣ таклиф мекунад.
– Таклифи донишҷў пазируфта шуд. Фақат муайян кардани ҷойи вохўрӣ мондааст.
– Ҷойи вохўрӣ иваз карда намешавад.
– Фаҳмо.
– Майлаш, интизор мешавам рафиқ лейтенант,– гўён Наташа гўшакро ба ҷояш гузошт.
Абдумаҷидов низ гўшакро ба ҷояш гузошта, хаттои хешро ба ёд овард: агар рафту Наташа не, балки модари Тўфон телефон мекард, бо чунин худнамоишдиҳӣ (муаррифи кардани худ) амалиётро албатта шикаст медод. Ў ба утоқи кории муфаттиш рафт, вале Раҷабовро наёфт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо