Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳарду ҳолат ҳам гунаҳкори асосӣ мехоҳад ба ин восита гуноҳро ба гардани Акопиян бор намояд.
Дуюм, дар касса ягон сўм набудааст ва кассир дўздиро ба воситаи ягон шахси наздикаш инсенировка намудааст.
– Бад не, – гуфт Файз Орзуев ва плану чорабиниҳои пешниҳод намудаи шогирдро тасдиқ кард…

… 18 …

М ўйсафед бо табъи хира ба хона омад.
– Корҳо чӣ хел? – пурсид кампир.
– Корҳо бад. Милиса гуфт, ки барои хунукназарӣ ман бе ҷазо, намемонам.
– Аҳмият надеҳ, бе ин ҳам фишори хунат баланд.
– Чӣ хел аҳмият надиҳам, бо гуноҳи ман кассаро ғорат карданд. Канӣ он касал?
– Дилором.
– Ҳа.
– Баъд аз рафтани худат аз хона баромад ва то ҳоло барнагаштааст.
– Оқибат ба сарамон ягон бало меорад.
– Ақлатро хўрди магар , ки набераро гумонбар мешавӣ.
– Рафтораш ҳеҷ ба ман маъқул нест. Чи гумон мекунӣ, ки он шабе, ки кассаро ғорат карданд ў касал буд.
– О, худат дидӣ – ку тамоми шаб таб дошт.
– Шаб таб дошту сари субҳ хеста куҷое гум шуда рафт.
– Мебинам, ки ақлат коста шудааст, мардак. Наход одам набераи худашро тўҳмат кунад, – гўён кампир аз хона баромадани шуд.
– Исто! – амр кард мўйсафед.
– Боз чӣ мегўӣ?
– Тўҳматгар ба ғазаби Худо дармонад, вале ҳамон шаб ў касал набуд.
– Ту чиҳо гуфта истодаӣ.
– Суханони набераи касалатро ба ёд биёр: «бобоҷон нарав, ки мемурам».

пешина
аз 416
навбатӣ