Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Гўё, ки намедонед! Ҳамон вақт, ки дўздро дастгир кардеду пойафзолашро ба дафтари кории ман овардед
– Аз ҳама асосиаш, ки пайвастагии ягона дар ин кори пургиреҳ ёфт шуд. Кушодани гиреҳ бошад бо мадади худою ёрии Шумо ба мо даст хоҳад дод, рафиқ лейтенанти калон.
– Гўш кунед, ним соат пеш ба ту се маротиба занг задам, вале телефонат банд. Бо кӣ ин қадар гап мезанед?
– Бо маҳбубаам.
– Ҳеҷ бовар намекунам.
– Чаро?
– Чунки ягон бор дар ин бора даҳон накушодед.
– Пеш аз пода чанг андохтан чӣ даркор.
– Гўй, ки маҳбубаат донишгоҳро хатм кард?
– Ҳа.
– Барои туйро хўрдан мо бояд чи қадар вақт интизор шавем?
– Боз ягон шаш моҳ.
– Гўш кун, бисёр одамони таъбашон баландро дидаам, ки ҳамсари ба худ мувофиқ наёфтанд, рафту ту ҳам…
Акбаршоҳ лаҳзае симои Наташаро пеши назар овард:– чашмони осмонранг, рўйи чун кулчаи ширмол, мўи тилоранги то камар фаромада, бинии борики теғадор, лабони чун гули нав шукуфта, қади баланди чун санавбар…
– Чаро хомўшӣ?
– Манро ба он руйхате, ки ҳоло гуфти дохил карда наметавонӣ…
– Бароят бахт мехоҳам.
– Ташаккур…
… 17 …

Сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ полковники милиса Файз Орзуев нақшаи чорабиниҳои тартибдодаи шогирдро хонда, дилаш каме ҳам бошад болида, гашт. Аз рўйи плани тартибдодашуда летейнанти милиса Абдумаҷидов ду назаряи корҳои таъҷилии ҷустуҷўиро пешниҳод намуда буд.
Якум, дар ин кор собиқ кассир Маҳмадова мустақиман гунаҳгор аст. Мондани сигори нимсўз маҳз барои тафтишотро ба гумроҳӣ андохтан фикр карда шудааст. Ҳамчунин сигори дар болои карер партофташуда низ ба ҳамин мақсад гузошта шудааст.

пешина
аз 416
навбатӣ