Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

… 52 …
Сари субҳ пеш аз Архангелскийро ба ҳузури хеш хондан Сорбони Ҳомид, Мирзоев ва Зарифӣ оид ба пурсиши дар пешистода маслиҳати на чандон тўлоние доштанд. Расо соати
10 ду қаровул ҳабсшударо ба кабинети кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид оварданд. Соҳиби кабинет ба ў курсиеро нишон дода, амри нишастан дода илова намуд, ки маҳбусро барои пурсиш ба сифати гумонбаршуда даъват намуданд. Пурсишро ба лентаи овоз ба магнитоофни «Электрониа – 302– 1» сабт мекунанд…
Муфаттиши прокуратура Зарифӣ ҳуқуқ ва вазифаҳои гумонбаршударо дар асоси қонун фаҳмонда дода пурсид, ки шаби 18 ба 19 майро гумонбаршуда чӣ хел гузаронд.
– Гўё ки намедонед, ҳамаашро ин кас медонад, – ба тарафи Сорбони Ҳомид бо дили нохоҳам нигариста гуфт Архангелский.
– Сухан аз забони Луқмон хуш аст ва он чиро ки шумо шарҳ дода метавонед, касе аз мо ба шарҳу эзоҳаш қодир нест ва он чи ки қонунан шарҳу эзоҳаш дода метавонед ба шумо вобаста аст, илтимос, ба гардани дигарон бор накунед. Хуш, гўшамон ба шумо Сергей Павлович.
Ҳамаш аз мастӣ. Дишаб ман ба автомашинаи як дўстам ба тарафи ноҳияи Ленин мерафтам, ки дар роҳ худро бад ҳис намуда, ба яке аз бўстонсароҳои дар он маҳал воқеъбуда рафтам ва аз толеъ дари онро кушода ёфтам.
– Гўш кун мо афсонаи бисёре шунидаем ва дигар хоҳиши шунидани афсонаи бе сару нўги шуморо надорем, акнун гўед, ки шаби 12– ум ба 13– уми май дар куҷо будед? – сухани ўро бурид муфаттиш.
– Шумо аз ман ҷини шабгард насозед. Он шаб албатта, чун ҳама одамони хокӣ хуфта будам.
– Агар ҷин ҳам бошед, дар асоси план кор мекунед.
– Чиро дар назар доред?
– Чун ҷини мақсаднок фақат як оиларо мавриди таҳқири хеш қарор додед.

пешина
аз 416
навбатӣ