АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Сабаби дар ин нисфишабӣ ба ин ҷо ташриф оварданатонро ва ба кадом мақсад хонаро оташ заданатонро мегуфтед.
– Ман монда шудам,– гуфт мўйсафед ва хомўширо пеша кард.
Дар ҳамин вақт аз дур автомашинае аз тарафи муқобил ба тарафи шаҳр меомад ва бо амри Сорбони Ҳомид ду милисионере, ки формаи низомӣ доштанд барои манъ намудани он шитофтанд ва лаҳзае пас ронанда ва боз як нафари дигарро ки ҳамсинну соли ронанда буд ба хона таклиф карданд. Сардори гурўҳ барои дар нисфишабӣ ташвиш додани онҳо аз номи милисионерон узр пурсида, ба рафти воқеаҳо шинос карда гуфт, ки ҳамин мўйсафеди дар дастонаш кашанзада, ки Архангелский Сергей Павлович муаррифӣ кард дар ҳамин нисфишабӣ ба бўстонсарои мазкур ташриф оварда, ошёнаи дуюми бўстонсароро оташ зад ва кормандони милиса бо азобе оташи нав алангагирифтаро хомўш карданд. Ба шахсони холис вазъи хонаи оташгирифта нишон дода шуд. Дар ин бора протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса тартиб дода шуда, шакли дохили хонаи оташгирифта ва ҳамаи иштирокчиёни ин амалиёт ба воситаи фотоаппарати Зенит – Е расм гирифта шуд.
Ба протокол ба ҷуз холисон боз худи Архангелский ҳам имзо гузошт.
Азбаски мўйсафед хомўширо пешаи хеш қарор дод дигар дар ин ҷазираи бефарёд истодан маъние надошт. Сорбони Ҳомид Ҳабибов ва Иброҳимовро посбони бўстонсаро таъин карда худаш ва он ду нафари дигар Архангелскийро ба милиса оварданд. Вақте ки онҳо протоколи нигоҳдори муваққатии Архангелскийро имзо гузошта, мўйсафедро ба ИВС фиристоданд ақрабаки соати девори, ки болои дари шуъбаи навбатдорӣ меистод 03 05 дақиқаи рўзи навро нишон медод.
Дар чунин поси шаб ба хона рафтан маъние надошт.
Бинобар ин ў аз шўъбаи навбатдорӣ ба ошёнаи дуюм, ки кабинеташ он ҷо буд, баромада ҷойхобашро болои ду миз ки шакли «Т» доштанд паҳн намуда дароз кашид. Шояд рўз ниҳоят барояш вазнин омада буд, ки лаҳзае пас хобаш бурд…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо