АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Сари субҳ мо дар якҷоягӣ, чӣ дар бўстонсаро ва чӣ дар манзили истиқоматии Кабиров кофтукови фронталӣ мегузаронем…
… 48 …
Тайи се шабонарўзе, ки бўстонсаро дар зери наззорат буд, гурўҳи тафтишотӣ дар ҳама самтҳое ки ба ҷиноят ба таври ростхата ё мустақиман алоқа дошта метавонист санҷиш гузарониданд. Дар ин ҷода аз ҳама ба марра наздиктар гурўҳе ки ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид сарвараш буд, баромад. Гурўҳи Сорбони Ҳомид чун гурўҳи Рунге1 дар даст фактҳои раднашавандае дошт, аз он бармеомад, ки Кабиров новобаста аз надоштани дониши кофӣ ва таҷрибаи мукаммал бо роҳи ошнобозӣ сарвари ин корхонаи азими шаҳр шуд. Ҳарчанд барои ишғоли ин вазифа мутахассисони варзида ва болаёқат дар корхона хело зиёд буданд, аз чӣ бошад, ки Кабиров курсии мансабро бо ошнобозӣ соҳиб шуд. Рафти санҷиш нишон дод, ки барои ба сари мансаб омадани Кабиров собиқ директор дари вазоратро охурча кард ва ба қавле курсии хешро ба Кабиров чун мерос монд…
Сорбони Ҳомид сухани он марди ношиносро ки дар ҷаноза: «Солиёни зиёде мо дар ҳамсоягии худораҳматӣ зиндагӣ дорем, вале нотиқро ягон бор надидем» аз чӣ бошад ки ба ёд овард. Модоме ки онҳо ягон рафтуомад надоштанд, ин ҳама давутоз баҳри чӣ? Вақте ки ягон риштае ин ду оиларо ба ҳам намепайвандад, дар ҷанозааш нутқи пурмуҳтаво гуфта, оби чашм рехтан чӣ маънӣ дорад?
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид дар асоси ҳуҷҷатҳои тайи се рўз гирдовардашуда фикру мулоҳизаи хешро оид ба ин масъала дар гузоришаш дарҷ намуда, ба назди Қаюмов рафт. Ташрифи ў ба вақте рост омад, ки сардори ШКД дар ҳамин масъала бо прокурор гуфтугўи телефонӣ дошт.
Баробари дарро кушодан гуфтугўи сардорро дида хост қафо гардад, вале Қаюмов ўро ишораи даромадан намуд.
- Рунге – физики немис.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо