АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Мекўшем.
– Акнун аз пайи кор шавед, фаромўш накунед, ки агар боло сари маро сила кунанд, шумо ҳам аз ин мукофот бенасиб нахоҳед монд.
Ў аз назди сардор баромада, дар бораи он расм хело фикр кард, вале ба хулосаи аниқ омада натавонист. Дар ҳақиқат шахсияти Кабиров ниҳоят торик буд ва бе омўзиши пурраи ҳамаи тарафҳои он ба хулосаи аниқе омадан душвор буд. Ба замми ин хулосаи мутахассисон оид ба омўзиши он гиреҳ дар ҳайати гурўҳҳои диверсионӣ низ боиси пайдоиши назарияҳои нав шуданд. Бе омўзиши махсус назарияи мазкурро қабул ё рад кардан ғайриимкон буд. Сорбони Ҳомид ба хулосае омад, ки расм расми оддӣ нест. Соҳиби расм он тараф истад, ҳатто Сабуров ва Малсагова ҳам барои ба даст овардани он кўшиш ба харҷ доданд ва ҳатто хуни духтари бегуноҳеро ки мақоли «Забон дар даҳон посбони сар аст»– ро риоя накард, рехтанд.
Ва боз кӣ медонад? Албатта, соҳиби расм агар онро ба даст наоварда бошад, кўшиши ба даст овардан мекунад ё не барои ў ва умуман тафтишот номаълум буд. Ҷустани расм дар хонаи Кабиров ба гумон аст. Дар бўстонсаро чӣ? Шояд соҳиби расм чун Малсагова андешаронӣ намояд. Барои ин бўстонсароро ба зери назорат гирифтан лозим. Ў аз роҳ баргашта, ин фикри хешро ба Қаюмов гуфт.
Гурўҳи назорати беруна дар давоми се шабонарўзи оянда, ки бўстонсароро ба ҳимояи хеш гирифта буданд, ташрифи меҳмонро надида, дар ин бора ба роҳбарияти ШКД хабар доданд.
Қаюмов минбаъд нигоҳ доштани гурўҳи назоратиро дар бўстонсаро беманфиат шумурда, пеш аз бардоштани назорат ба Эмомов занг зада, фикри прокурорро донистан хост.
– Ба фикрам Кабиров бо чунин таҷрибаи калон ба гумонаст, ки он расмро дар бараш гирифта бошад. Аз ин бармеояд, шахсе ки аз ифшо шудани сирри хеш метарсад, то ҳанўз он расмро ба даст наовардааст. Модоме, ки кўҳ пеши Аҳмад наомад, Аҳмад маҷбур аст, ки худ назди кўҳ равад. Аз содиршавии ҷинояти мазкур, аллакай, панҷ рўз гузашт ва хонадони Кабиров, акнун, ба тақдир ҳам тан доданд. Бинобар ин аз шумо, Ҳамроҳ Қаюмович, хоҳиш мекардам, ки назоратро то субҳи фардо бекор накунед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо