Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вақте ки Назаров автомашинаро дар самти муқобил пеши дарвозаи бўстонсаро, дар роҳи автомобилгард нигоҳ дошт, мо ба хулосае омадем, ки ў, аллакай, ба милиса занг задааст, чунки ман худам дар кабинети кории директор телефонро дида будам. Чун аз автомашина нафаромад, Зубайдов ўро ба зери назорат гирифт ва ман аз нав ба тарафи бўстонсаро давидам ва тирезаро кушода, дохили он шудам. Ба ягон чизи дигар кордор нашуда, ба ошёнаи дуюм давидам ва баъди лаҳае ҳайкалчаро ки дар як гўшаи мизи кории соҳиби бўстонсаро амонат гузошта будам, ва онро аз саросемагӣ фаромўш намуда будам, ба даст гирифта, ба қафо баргаштам. Ҳамаи ин амалиёт на бештар аз се–чор дақиқаро гирифт, вале ман ба қавле худро каме ором ҳис намудам. Мо бо эҳтиёт аз бўстонсаро дур шудем. Назаров ҳамоно аз автомашина набаромада буд. Ба фикрам ў мурданӣ тарсида буд. Ниҳоят, мо аз дур дидем чӣ хел автомашинае, ки дар болояш маяк дошт назди биное ки чанд лаҳза пештар мо он ҷоро тарк карда будем истод. Мо то ҷон доштем ба тарафи шаҳр ҳаракат кардем.
– Ҳайкалчаро куҷо кардед? – пурсид Сорбони Ҳомид.
– Сараввал хостам онро партоям, вале дилам нашуд. Охир он ҳайкалчаи оддӣ не, балки ҳайкалчаи сарлашкари бузург Кутузов буд. Ман онро хостам ҳамчун нишона аз ин шаби наҳс нигоҳ дорам. Аз ин рў, онро ман ба хонаи Фотима овардам ва аз ў хоҳиш кардам, ки ба ягон ҷо пинҳон намояд.
– Малсаговаро аз анҷоми амалиёт огоҳ сохтед?
– Албатта, бе ин намешуд, охир, ў худаш пурсид, ки расмро овардед ва ман ҳодисаи рухдодаро гуфта додам. Фотима гуфт, ки ман агар медонистам, ба ҷойи салла бароям калла меорӣ ҳаргиз туро танҳо намефиристодам.
– Шумо чӣ ҷавобаш додед?
– Гуфтам, ки Сабринисо маро дузд гуфт, чи ман мегурехтам ё ўро ба гуфтушунид даъват мекардам. Фотима гуфт, ки дар чунин ҳолатҳо дили занро ба даст овардан лозим.
– Вале ин ҳодиса ба шумо дарс нашуд –ку?– гуфт соҳиби утоқ.

пешина
аз 416
навбатӣ