Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сорбони Ҳомид ба пиёлае чой рехта наздаш гузошта гуфт, ки ором шавед. Сабуров чойро нўшида пиёларо баргардонд.
– Баъд чӣ шуд? –пурсид муфаттиш.
– Рости гап ман ҳеҷ гумон надоштам, ки бо як зарба ў ҳалок мешавад. Чун дидам, ки ў афтод боз барои ёфтани он расм пардохтам. Дар он хона чанд чизе, ки ба чашмам чун пинҳонгоҳи он расми зормонда намуд, тагу рў намудам ва боз ба хонаи шафат, яъне китобхона гузаштам. Ҳайкалчаро ба як гўшаи миз амонат гузоштам, то ки ҳангоми рафтан онро бо худ барам ва ба ҷустуҷўи он расм сар кардам, чун ҳамаро таку рў кардаму муроде ҳосил нашуд, боз ба хонае рафтам, ки чанде пештар ба сари котиба зарба зада будам. Чун дидам, ки ў дигар ба ёрие муҳтоҷ нест ба ошёнаи якум надаромадам. Рости гап аз фурўзон кардани чароғ дар ошёнаи якум тарсидам ва ба воситаи чароғаки кисагӣ ҳамаи он ашёҳое, ки барои расм пинҳонгоҳ шуда метавонистанд такурў кардам. Ба ошхона гузашта боз чароғро фурўзон кардам ва мизи оростаеро дидам.
Маълум шуд, ки котиба омадани касеро интизор аст.
Дар ҳамин вақт касе ба тиреза ангушт зада, номамро гирифта гуфт, ки тезтар баро ки автомашинае ба ҳамин самт омада истодааст. Ин овози Олим буд. Ман саросемавор ба воситаи ҳамин тиреза аз хона берун шудам ва мо ҳарду дар паси дарахте пинҳон шудем. Автомашина дар назди бино истод ва ронанда аз он берун шуда, дар рўшноии чароғи автомобил дари гаражро кушода автомашинаро даровард ва сипас худ вориди бўстонсаро шуд…
Ман дар камингоҳ ба Олим асли воқеаро гуфта додам, ки ҳарчӣ тезтар аз ин ҷой ҷон ба саломат бурдан лозим. Маълум шуд, ки ҳамяроқам аз қонуну қонуният бештар хабардор будааст. Ў гуфт, ки яроқе, ки бо он ҷиноят содир кардӣ бояд бо худ меовардӣ. Ман гуфтам, ки баргаштан ба бўстонсаро имконият надорад ва хостам аз он ҷо дуртар равем. Дар ҳамин лаҳза ҳодисае рух дод, ки аз он ҷо фирор кардани моро боздошт.
– Чӣ хел ҳодиса?
– Дар ҳамин вақт ронандаи директор Назаров аз бўстонсаро берун омада, автомашинаро аз гараж баровард. Мо гумон кардем, ки ў аз бўстонсаро фирор карданист. Ҳарчанд ин фикри мо рост набаромад, вале мо имконияти пурра доштем, ки ин фурсати қуллайро барои аз бўстонсаро баровардани яроқе, ки бо он ҷиноят содир кардем, истифода барем.

пешина
аз 416
навбатӣ