Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Барои ман сабт кардан ё накардани овозам акнун фарқе надорад. Хуб, аз чӣ сар кунам?
– Хуб мешуд, ки аз ҳамон саволи пагоҳирўзӣ, яъне чӣ хел шуду нақши ангуштони шумо дар бўстонсарои Кабиров монд суҳбатро оғоз мекардед.
Дар давоми ду–се соати баъди вохўрии пагоҳирўзӣ ў имконияти пурра дошт, ки ҳамаи тарафҳои ҳаёти минабъдаи хешро дар тарозуи ақл баркашад ва ягона сабук намудани гуноҳи хешро дар иқроршавӣ ва ба тафтишот ёрӣ додан медид, аз ин рў, ў саволи муфаттишро шунида гуфт:
– Агар ман яку якбора ба саволи шумо ҷавоб надода, рафти ҳодисаҳоро аз аввал нақл кунам чӣ?
– Мо розӣ.
– Тайи чанд рўзи дар «меҳмонии» шумо будан ман ҳамаи зиндагиамро бо неку бадаш пеши назар овардам. Дар байни ин чор девори бетонӣ истода акнун ба мафҳуми озодӣ ва рушноӣ сарфаҳм рафтам. Пештар каме норасоӣ дар зиндагӣ маро асабонӣ мекард, вале ҳамаи он норасоиҳо акнун дар назарам ночиз ва бебаҳоянд. Албатта, ҳоло аз ҳамаи ин норасоиҳо фориғам, чунки ба ҷуз аз ин ҷо баромадан фикри дигаре ба сар надорам. Аз ин ҷо баромадани ман солҳои наздик ба гумон аст, чунки бе ягон асос барои кадом як расми лаънатие хуни як духтараки бегуноҳро рехтам. Ана, ҳамин хел, – гуфт ў оҳ кашида.
– Кадом расм, шумо чиҳо гуфта истодаед, наход барои як расм шуда?
– Ҳа, бовар кунед, ҳамааш барои ҳамин як расми лаънатӣ шуд, ҳол он ки ман он расмро надидам.
– Шуморо гўш мекунем, давом диҳед.
– Нарху навои бозоро аз духтари хона пурс,– гуфтани мардум беҳуда набудааст. Тахминан як моҳ пеш ман худ шоҳиди ҳамин воқеа шудам. Чӣ хеле, ки гуфтам, як моҳ пештар ман аз забони маҳбубаам нақле шунидам, ки мўйи танам рост хест. Аз рўйи гуфти маҳбубаам Малсагова директори заводи шарбатбарории шаҳр Қамар Абдулғаниевич Кабиров барои кадом як расми сеҳрнок касеро таҳдид менамудааст. Маҳз ҳамин расм ва шахси дар он акс ёфта, таваҷҷўҳи ману маҳбубаамро бедор кард. Мо ба хулосае омадем, ки расм дар ҳақиқат аз ҳама коғазҳои қимматноки давлатӣ қурби бештареро дорост.

пешина
аз 416
навбатӣ