АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Боре чанд оинаи тирезаро ҳам бурида, то автомашинаи Назаров бурдам.
– Ҳаҷми ашёҳои бурдаатонро мегуфтед?
– Ман аниқашро гуфта наметаовнам, вале онҳо аз андозаи
50 х 50 см зиёд набуданд.
– Марҳамат, акнун худатон ба ин коғаз шинос шавед ва ҳатто метавонед нақши ангуштонатонро ҳам бинед,–гўён соҳиби кабинет хулосаи ташхиси дактилоскопиро ба дасти Сабуров дод.
Тоҳир Наъимович баъди мутолиа варақро ҳамроҳи нақши ангуштони хеш болои миз гузошта, ба андеша фурў рафт.
– Ана, дидед, ки шумо имконияти ба ёд овардани воқеаҳои шаби 28– уми апрелро надоред, вале ҳақ доред, ки ба саволҳои мо ҷавоб надиҳед ва ё нисбат ба ману Холмурод Зарифович нобоварии хешро изҳор намоед, аммо баъди ин ҳам шуморо лозим меояд, ки чӣ тавр гузоштани нақши ангуштони хешро дар бўстонсарои Кабиров шарҳ диҳед.
– Ман асосе надорам, ки ба шумо бовар накунам ва мебинам ки дар ҳақиқат бе шарҳу эзоҳи ман намешавад, вале ман ниҳоят монда шудам, мепурсам суҳбатро то ними дуюми рўз маъқуф гузоред.
Сорбони Ҳомид дар ин бора фикри муфаттишро, ки тафтиши парвандаи ҷиноятиро ба ўҳда дошт фаҳмидан хост.
– Ман розӣ,– гуфт Холмурод Зарифӣ,– суҳбатро бошад соати 14.00 давом медиҳем. Бо амри муфаттиш милисионерон Сабуровро бурданд.
… 42 …
Расо соати 14.00 Сабуров дар иҳотаи ду васӣ вориди кабинети кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ шуд. Зарифӣ ва Сорбони Ҳомид онҳоро интизор буданд. Чун Сабуров ба курсие дар рў ба рўйи муфаттиш нишаст, Зарифӣ лаҷоми суханро ба даст гирифта пурсид, ки оё гумонбаршуда барои давом додани суҳбат тайёр ҳаст ё не ва чун Сабуров барои суҳбат тайёр будани хешро иброз дошт, муфаттиш бори дигар ҳуқуқҳои ўро ёдовар шуда, ба вай гуфт, ки рафти суҳбат ба магнитофони «Электроника – 302–1» сабт карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё